Аҳолии зиёд дар шаҳри танг. Як сабаби дигари танбашавӣ дар роҳҳои Душанбе

Танбашавӣ яке аз дарди сарҳои сахт дар пойтахти Тоҷикистон шудааст.

Танҳо сохтани роҳҳои дутабақаву сетабақа, ба танзим даровардани чароғакҳову пиёдагузарҳо кофӣ нест, ки масъалаи тамбашавии роҳҳо дар Душанбе ҳал шавад. Балки дар шаҳру шаҳракҳои дигар шароит фароҳам овард, то ин ки аҳолӣ маҷбур набошад, ки ба пойтахт кӯчанд, мегӯяд Темур Идрисов, фаъоли экологӣ.

Дар як ҳафтаи гузашта ду мансабдор аз шиддат гирифтани танбашавӣ дар роҳҳои Душанбе нигаронӣ карданд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар як ҷаласаи ин вазорат рӯзи 17 октбяр гуфтааст, “тамбашавӣ дар роҳҳои пойтахт ба баъзе оқибатҳои манфӣ, аз қабили зиёд тӯл кашидани вақти сафар, ба кор дер мондан, асабонияти ронандагону мусофирон сабаб мешавад”. Вай ба зердастонаш дастур додааст, ки барои коҳиш додани тамбашавӣ чораҷӯӣ кунанд.

Ҳамчунин Раҳмиддин Саломзода, муовини раиси шаҳри Душанбе дар як мақолаи муфассал сабабҳои сар задани тамбашавиро шарҳ ва барои ҳалли он чанд пешниҳод кардааст. Пешниҳодҳои вай аз ҷумла бештар кардани шумор ва хубтар кардани сифати кори нақлиёти ҷамъиятӣ, гаронтар кардани таваққуфгоҳҳои пулакӣ, танзими чароғакҳои роҳнамо ва пиёдагузарҳоро дар бар мегирад.

Ин ду мансабдор дар бораи кӯчидан ё ҷамъшавии аҳолии деҳот ва минтақаҳои дурдаст дар пойтахт чизе нагуфтаанд, ки ба бовари Темур Идрисов, яке аз омилҳои дигари афзоиши нақлиёт ва тамбашавии роҳҳо ба ҳисоб меравад.

Умедҷон Каримов, сокини Душанбе шудааст ва сабабашро чунин шарҳ медиҳад: "Ҳамарӯза аз набудани барқ азоб мекашидам. Ҳамин сабаб шуд, ки ман ҳамон нуқтаи фурӯши тезтаёрро махкам кунам. Ва ба шаҳр баргардам."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аҳолии зиёд дар шаҳри танг. Як сабаби дигари танбашавӣ дар Душанбе

Умедҷон баъд аз хатми донишгоҳ дар Душанбе ба зодгоҳаш, вилояти Хатлон баргашта буд. Вай мехост, онҷо зиндагӣ кунад ва тиҷорати хурде боз карда буд. Вале танҳо ду сол тавонист, ки дар зодгоҳаш монад. Ба гуфтааш, набуди кори мувофиқ, даромади муносиб ва имконоти дигари иҷтимоӣ ӯро водор кард, ки бо хонаводааш ба Душанбе кӯчад. Ҳоло иҷоранишин аст, аммо дар талоши харидани хона.

Умедҷон Каримов: "Мақсади ягонаи ман дар шаҳр мондан ва зиндагӣ кардан, яъне ба хотири фарзандҳо ва ба хотири шароити беҳтар ва будани шароиту имкониятҳо дар шаҳр. Барои ман ҳам ҳамин сабаб буд, ки масалан, дар ноҳия ё ин ки дар деҳот имкониятҳо каманд барои кору фаъолият."

Умедҷон гуфт, афроди зиёди дигареро медонад, ки солҳои ахир аз зодгоҳи вай ба пойтахт кӯчидаанд. Дар 10 рӯзи ахир ду мансабдори Тоҷикистон аз шиддат гирифтани тамбашавии нақлиёт дар кӯчаҳои Душанбе нигаронӣ карданд.

Раҳмиддин Саломзода, муовини раиси шаҳри Душанбе дар як мақолаи муфассал, ки низ 17 октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, сабабҳои сар задани тамбашавиро таҳлил ва роҳҳои ҳалли онро пешниҳод кардааст. Кам кардани нақлиёти шахсӣ, ба танзим даровардани чароғакҳову пиёдагузарҳо, гаронтар кардани таваққуфгоҳҳои пулакӣ, беҳсозии кори нақлиёти ҷамъиятӣ ва ғайра аз роҳҳалҳои пешниҳодии Саломзода ҳастанд. Ин ду мансабдор нагуфтаанд, ки яке аз сабабҳои афзоиши аҳолӣ дар пойтахт ва тамбашавии роҳҳо – кӯчидан ё ҷамъшавии аҳолӣ дар Душанбе аст.

Бино ба омори расмӣ, аҳолии доимии Душанбе 1 миллиону 200 ҳазор нафар аст. Бонки Осиёии Рушд дар гузорише соли 2024 иттилоъ дода буд, ки ҳудуди 500 ҳазор каси дигар дар Душанбе бе сабти ном зиндагӣ мекунанд. Ба ин тартиб, аҳолии доимии Душанбе ба 1 миллиону 700 ҳазор нафар мерасад.

Темур Идрисов, фаъоли экологӣ: "Ба шаҳрҳо кӯчидан дар ҳамаи дунё дида мешавад. Шаҳрҳо калон, деҳаҳо холӣ мешаванд. Аҳолии шаҳрҳо дар саросари дунё меафзояд. Ин, албатта, ба омилҳои зиёде рабт дорад, аз ҷумла набуди сармоягузорӣ ба инфрасохторҳо дар деҳот ва шаҳракҳо, мушкилии буҷа, мушкилии захираҳо, мушкилии набудани ҷойи кор, низоми тандурустӣ, маориф ва ғайра. Албатта, агар мо онҷо шароит фароҳам оварем - одамони камтар онҷоҳоро тарк мекунанд. На танҳо ба шаҳрҳои бузург, балки ба кишварҳои дигар ҳам ба муҳоҷират намераванд. Ва ин боис мешавад, ки ба шаҳрҳо наоянд, мошини шахсӣ нахаранд ва дар натиҷа теъдоди мошинҳо кам шавад ва тамбашавӣ сурат нагирад."

Шералӣ Давлатов, блогер ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳаваси дар Душанбе хона хариданро дорад, аммо на нияти кӯчиданро. Вай деҳаро ба пойтахт тарҷеҳ медиҳад.

Шералӣ Давлатов: "Айни ҳол барои ман муҳити кор, шароитҳое, ки дар ҳамон деҳае, ки ҷойи худамон зиндагӣ мекунем, ҳамааш ҳаст, - чизе, ки барои ман даркор аст. Ҳамин Душанбе ҳам ки ҳар вақт мебиём, мушкили “пробка”-и роҳу ҳазору як ғавғост. Онҷо барои ман оромтару муҳити созгортар аст. Айни ҳол барои эҷодӣ ҳам, барои сохтани контент ҳам. Ва фикри инҷо омадан надорам. Лекин дар фикри хона харидан ҳастем. Ва ин ҳам ба хотире, ки ҳар боре, ки омадем Душанбе дар хонаи худамон зиндагӣ кунем."

Панҷ сол пеш блогнависи тоҷик, Саттор Сатторов, дар сомонаи Радиои Озодӣ пешниҳод карда буд, ки ҳаракати қаторҳои роҳи оҳан ба Ҳисор ва навоҳии Хатлон бештар шуда, ҳавасмандии шаҳрвандонро ба истифодаи онҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ ба ҷои истифодаи мошинҳои шахсӣ бештар ташвиқ гардад. Он гоҳ ҳам тамбашавию асабоният ва ҳам тасодуфҳои марговар дар роҳҳо камтар хоҳад шуд.