Амрико: то панҷ ҳазор зархариди Куба алайҳи Украина меҷанганд

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, то 5 ҳазор шаҳрванди Куба аз тарафи Русия алайҳи Украина меҷанганд. Дипломатҳои ИМА бо расондани ин омор ба намояндагони кишварҳо дар Созмони милал талош карданд, ки онҳоро мутақоид кунанд то аз қатънома барои лағви таҳримҳо алайҳи Куба пуштибонӣ накунанд. Қарор аст овоздиҳӣ барои бекор кардани таҳримҳои молӣ алайҳи Куба 8-уми октябр дар Созмони Милал баргузор шавад.

Хабаргузории “Ройтерс” бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Амрико навиштааст, ҳузури шаҳрвандони Куба дар ҷанги Русия алайҳи Украина далели асосии Вашингтон барои рад кардани қатънома аст.

“Баъди Кореяи Шимолӣ, Куба дуюмин кишваре аст, ки зархаридонро ба ҷанги Русия алайҳи Украина фиристодааст”, - омадааст дар санад.

Кореяи Шимолӣ, ки сарбозони худро расман ба тарафдории Русия фиристод ва онҳо дар вилояти Курск алайҳи неруҳои Украина ҷангиданд. Аммо ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, Куба пинҳонӣ зархаридонро ба Русия фиристод то муқобили Украина биҷанганд.

Пештар Андрей Юсов, роҳбари бахши истихборотии артиши Украина гуфта буд, эҳтимол то 20 ҳазор кубоӣ аз тарафи Русия меҷанганданд. Кушта шудани 39 шаҳрванди Куба дар ҷанг тасдиқ шудааст.

Раъйдиҳӣ барои бекор кардани таҳримҳо алайҳи Куба аз соли 1992 баргузор мешавад ва иҷро кардани он ҳатмӣ нест. Соли гузашта ба тарафдорӣ аз ин қатънома 187 кишвар овоз доданд ва танҳо Амрико ва Исроил ба он мухолифат карданд.