Дар Тоҷикистон то 11 сентябр дар ҳаҷми беш аз 85 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки назар ба солҳои пеш камтар мебошад. Ба мавзӯи чиниши маҳсулоти аз назари давлат стратегии кишоварзӣ хабаргузории давлатии “Ховар” таваҷҷӯҳ карда гуфтааст, ки "арзиши пасти харидории пахта” сабаби асосии иҷро нашудани нақша ва коҳиши ҳаҷми ҳосил мебошад.
Манбаъ менависад, “солҳои охир дар Тоҷикистон коҳиши майдони кишт ва ҷамъоварии пахта ба қайд гирифта шудааст. Агар соли 2022 зиёда аз 404 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда бошад, пас соли 2024 ҳамагӣ 254 ҳазор тонна пахта ҷамъ карда шудааст”.
Устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Зикриёхон Ҳайдаров гуфтааст, ки мушкили асосии пахтакорони тоҷик норасоии техникаи муосири пахтағундор ва кам будани нархи хариди пахта мебошад.
Ин мушкилро чанде пеш бархе кишоварзони тоҷик ҳам тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баён карда буданд. Масалан, як кишоварзе аз ноҳияи Ҳамадонӣ оғози моҳи сентябр бо нашри навори видеоие аз майдони кишташ гуфт, як килограмм пахта имсол “6-6,5 сомонӣ пешниҳод мешавад ва ин хароҷоти деҳқонро намепӯшонад”. Ин ҳам дар ҳолест, ки кишоварзон дар дигар минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон имсол аз маҷбурӣ кишт кардани пахта шикоят карданд.
Мунаққидон мегӯянд, Тоҷикистон, ки дар даврони иқтисоди нақшавиву дастурии шӯравӣ соле аз як миллион тонна ҳам бештар пахта истеҳсол мекард, дар даврони истиқлолият натавонист мушкили соҳаро пурра ҳал кунад ва кишоварзи пахтакор як қишри ноозоду дастнигар боқӣ мемонад.
Айни замон назорат бар соҳаи фурӯши пахта дар кишвар аз ҷониби ширкатҳои наздик ба ҳукумат монополия шуда, даромади аслӣ аз фурӯши “тилло”-и сафедро онҳо ба даст меоранд. Кишоварзон ҳамасола аз дастурӣ будани кишти пахта ва кам будани даромади он, боло будани нархи дорувории кишоварзӣ, хушксолӣ ва дигар мушкилот шикоят карда инро чун далели дилгарм набудани худ ба соҳаи пахтакорӣ меноманд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Аввал имкон диҳед, сипас талаб кунед." Кишти маҷбурии пахта дар Тоҷикистон"Об мерасад, вале на ба ҳама." Ҳаёти деҳқонони тоҷик дар соҳили дарёи СирДар Туркманистон пахтачинии наврасонро манъ карданд"Маҷбур карданд, ки пахта корем." Зиёни расидаро ба деҳқонон кӣ медиҳад?