Аврупо дар пайи таҳримҳои нави зидди Русия. Даъвати Трамп ба қатъи хариди нафти Маскав

Рикард Йозвак, Радиои Озодӣ

Комиссиюни Аврупо бастаи нави таҳримҳои зидди Русияро меандешад, ки ҳадафаш фишори бештар болои Кремл мебошад. Дар миёни пешниҳодҳое, ки садо медиҳанд, аз ҷумла даъвати президенти ИМА Доналд Трамп ҳам ҳаст, ки аз Аврупо хостааст, хариди нафти Русияро хотима диҳад.

Тадбирҳое, ки қарор аст ҳафтаи оянда эълон шаванду вокуниш ба бемайлии Русия ба хатми ҷанг дар Украина мебошанд, бонкҳои ин кишвар, флоти ба истилоҳ соягии Кремлин, ширкатҳои вобаста ба кишварҳои сеюм ва як қатор шахсиятҳои ҷудогона, аз ҷумла онҳоеро дар бар мегиранд, ки дар рабоиши кӯдакони украинӣ даст доранд.

Яке аз мавзӯъҳое, ки ба қавли дипоматҳову хабарнигорон бештар зери нигоҳ аст, ин аст, ки оё Брюссел ба маҳдуд кардани визаҳои туристӣ барои Русия иқдом мекунад ё на ва то куҷо аз ҳаракати озоди дипломатҳои рус дар қаламрави Иттиҳоди Аврупои иборат аз 27 давлат пешгирӣ хоҳад кард.

Иттиҳоди Аврупо (ИА) бояд тасмимҳояшро бо ИМА ҳамоҳанг кунад. Девид Салливан, як масъули ин эътилоф дар масоили таҳримҳо баъди сафараш ба Вашингтон ҳафтаи гузашта гуфт, ки тоқати Трамп дар робита бо президенти Русия Владимир Путин “тоқ мешавад”.

Чанд мақоми бо тарҳи нави таҳримҳо ошнои аврупоӣ ишора карданд, ки ин навбат инчунин мехоҳанд имконияти Маскавро барои истифодаи криптоасъор маҳдуд карда пеши роҳи ҳаракати бештари киштиҳои соягии Русияро ба самти Аврупо бигиранд. Дар рӯйхати таҳримҳо исми 444 киштӣ оварда шудааст, вале дар Иттиҳоди Аврупо бовар доранд, ки дар асл Кремл ду баробар бештар васоилро барои интиқоли маводи нафти таҳримшудааш дар ҷаҳон истифода мебарад.


"Лукойл", Беларус ва дипломатҳо

Ба иттилои дарёфтӣ, дар рӯйхат исми ширкати азими "Лукойл" ёд мешавад ва Словакияву Маҷористон, ки аз маҳсулоти он бештар истифода мекунанд, эҳтимолан овоздиҳиро вето кунанд.

Иттиҳоди Аврупо барои худ ҳадаф гузоштааст, ки то соли 2027 воридоти маҳсулоти энержии Русияро бас кунад.

Трамп ахиран гуфт, ки ният дорад болои Русия таҳрим ҷорӣ кунад, вале Аврупо бояд ҳамзамон иқдом карда харидани нафтро аз ин кишвар хотима диҳад.

Трамп, ки 14 сентябр дар баробари хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, “Аврупо аз Русия нафт мехарад. Ман намехоҳам, ки онҳо нафт бихаранд”. Трамп афзуд: “Таҳримҳое, ки онҳо ҷорӣ карданӣ ҳастанд, кофӣ нест. Ман ҳам мехоҳам таҳрим ҷорӣ кунам, вале онҳо бояд таҳримҳоро сангинтар кунанд ва он бояд мутобиқ ба оне бошад, ки ман ҷорӣ мекунам”.

Таҳримҳои эҳтимолии дигар аз маҳдудкунии кори ширкатҳои нафт иборат мешаванд, ки маҳсулоти худро ба Аврупо ва кишварҳои сеюм мефурӯшанд.

Вале айни замон, Иттиҳоди Аврупо хости Трампро дар бораи ҷорӣ кардани таъруфаҳои 100-фоиза болои Ҳинду Чин барои харидории нафти русӣ иҷро карданӣ нест. Брюссел ҳоло омода нест, ки кишварҳои сеюмро барои кӯмак ба Маскав дар ҷанги зидди Украина ҷазо диҳад ва танҳо ширкатҳоро ҳадаф қарор додааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки дар бастаи нави таҳримҳо исми Беларус садо медиҳад ё на. Дар гузашта ИА баробар бо Маскав зидди Минск ҳам таҳрим ҷорӣ карда буд, вале ахиран дар пайи музокираҳои ИМА бо Беларус ва озод шудани даҳҳо маҳбуси сиёсӣ дар ин кишвари ҳампаймони Русия, Амрико гуфт, чандин таҳримро алайҳи он бекор мекунад. Феълан маълум нест, ки бархӯрди Аврупо бо режими Лукашенко чӣ гуна хоҳад буд. Азбаски барои бардоштани таҳримҳо ҳама кишварҳо бояд мавқеи ягона дошта бошанд ва маълум нест, Полшаву Литва барои сабуктар кардани чораҳо алайҳи Минск чӣ мавқеъ хоҳанд дошт.

Як мавзӯи ҷолиби дигаре, ки онро мақомоти Чехия ҳанӯз соле пеш пешниҳод кардаанд, ин маҳдуд кардани ҳаракати дипломатҳои рус дар қаламрави ИА мебошад. Масалан, онҳо бояд танҳо дар дохили кишваре рафтуомад кунанд, ки сабтином шудаанд ва барои вуруд ба дигар кишварҳо иҷоза бигиранд. Вале иҷрои ин амр бо сабаби вуҷуди қонуни Шенген, ки гузаргоҳҳои марзии байни давлатҳои узви ИА-ро аз байн бурдааст, душвор хоҳад кард.


Маҳдудият дар визаҳои туристӣ

Мавзӯи дигаре, ки баррасиаш идома дорад, ин визаҳои туристӣ барои шаҳрвандони Русия аст, ки мехоҳанд ба ИА сафар кунанд.

Баъзеҳо пешниҳод доранд, ки виза барои русиягиҳо пурра манъ шавад ва барои тарафдории он 55% кишварҳои узв бояд розӣ бошанд. Вале ба эҳтимоли зиёд, ин мавзӯъ метавонад бо даъвати маҳдуд кардани шумори визаҳои туристӣ ҳал шавад.

ИА баъди ҳуҷуми васеъмиқёси Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022 созишномаи виза бо Русияро боздошт. Ҳоло имкони гирифтани виза танҳо барои гурӯҳи маҳдуди аризадиҳандагон аз Русия, ба мисли онҳое, ки хешовандашон дар ИА зиндагӣ мекунанд, дигарандешон, журналистону ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъоли маданӣ вуҷуд дорад.


ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Лаҳистон мегӯяд, паҳподҳои Русияро дар осмони худ сарнагун кардаастИзҳори омодагии Трамп ба оғози таҳримҳои нав алайҳи Русия Трамп: Аз Путин бисёр ноумед шудаам, мо робитаҳои олӣ доштем"Барои Русия бад хоҳад буд." Трамп аз эҳтимоли "ҷанги иқтисодӣ" гуфт