Як сокини Узбекистон талош дорад писари 23-солаашро аз ҷанги Украина ба ватан баргардонад. Вай мегӯяд, писари ӯро бо фиреб аз Русия ба ҷанги Украина бурдаанд.
Ин зан дар сӯҳбат бо Бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, писараш Акбар Қурбоновро бо ваъдаи кор ба майдони ҷанг фиристодаанд. Рӯзигул Бобоева як моҳ боз дар шаҳри Тошканд дар ба дари сохторҳои давлатӣ мегардад. Ӯ талош дорад писарашро аз марг наҷот диҳад. Акбар ҳам бо фиристодани наворе ба хонаводааш хоҳиш кардааст, ки онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кунанд.
Акбар Қурбонов, шаҳрванди Узбекистан дар ин навори видео, аз ҷумла мегӯяд:
"Мардум! Халқи ман, президенти ман! Агар мо кӯшиши фирор кунем, моро мепарронанд. Агар аз рафтан ба ҷанг саркашӣ кунем, мезананду маҷбур мекунанд. Ман метавонам бигӯям, ки кай ва дар куҷо шаъну шарафи одамонро паст задаанд. Медонам, ки дар куҷо узбекони зиёд дафн карда шудаанд. Волидони он бечораҳо ҳанӯз онҳоро дар хона интизоранд. Бо донистани ин ҳама ман хомӯш буда наметавонам. Президент, мардум! Мисли ман инҷо хеле зиёданд. Бо ман узбекҳои зиёд ҳастанд, чанд нафарро мо ба хок супурдем".
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Писарамро аз ҷанги Украина баргардонед"
Ба нақли модар, Акбар тобистони соли гузашта ба Тотористон рафт ва дар корхонаи КамАЗ кор мекард. Ба ӯ нафаре бо номи Сергей занг зада, дар Ростови лаби Дон кор пешниҳод кард. Вай зодаи узбекистонро бо Андрей Колесникови русиягӣ шинос кард. Бобоева мегӯяд, Андрей Акбарро ба комиссариати ҳарбӣ бурда, маҷбур кардааст қарордоди рафтан ба ҷангро имзо кунад.
Рӯзигул Бобоева мегӯяд: «Бо писарам телефонӣ сӯҳбат кардам. Вай мегӯяд, ки ба онҳо об намедиҳанд, онҳо наменӯшанд, намешинанд, намехобанд. Боқимондаи хӯроки дигаронро мехӯранд”. Дар идома ин модар ба мақомоти Узбекистон муроҷиат кардааст: “Муҳтарам вазири корҳои хориҷӣ, шумо ба куҷо менигаред? Чаро барои баргардонидани писарам кӯмак намекунед? Ман ба тамоми ниҳодҳои Узбекистон муроҷиат кардам. Ба ман коғаз не, писарам даркор.
Бачаи маро баргардонед! Ман ҳатто ному насаб ва рақами телефони онҳоеро, ки писари маро ба кор дар Русия даъват карданд, пешниҳод намудам. Ин одамон ӯро фиреб карда азоб доданд. Писари ман дар ҳолати вазнин аст. Темур-ака аз МИД ба ман гуфт, ки “мо писаратро бармегардонем, агар барнагардонем, ин ба ҷанҷоли байни ду кишвар сабаб мешавад”. Чаро вазорат маро фиреб медиҳад? Шавкат Мирамонович, ба ман кӯмак кунед. Шумо давлатро ба кӣ бовар кардаед? Чаро касе ёрӣ намедиҳад?”
Талоши хабарнигорон барои гирифтани шарҳи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар ин робита бенатиҷа буд. Вале Андрей Колесников, ки ба иддаои модар ҷавони узбекистониро ба комисариати ҳарбӣ бурд, ба хабарнигорон гуфт, ки вай ронанда буда, ба мусофиркашӣ машғул аст.
Акбар Қурбонов дар полигони ҳарбии № 41-624 Луҳанск зери назорати низомиёни рус қарор дорад. Мегӯяд, барои саркашӣ аз ширкат дар ҷанг ӯ борҳо латтукӯб шуда, ангушти пояшро шикаста, аз ғизо маҳрумаш кардаанд.