Барканории Аваз Назарзода аз мансаб ва ронда шуданаш аз Додситонӣ

Аваз Назарзода

Аваз Назарзода, додситони вилояти Хатлон, бо иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад", аз мансаб озод ва аз мақомоти Прокуратура (Додситонӣ) ронда шудааст.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 3-юми ноябр "риоя накардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ"-ро аз далелҳои дигари тасмим донист.

Маълум нест, ки Назарзода бо чӣ кор ё рафторе шаъну эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар Тоҷикистон паст задааст, аммо дар гузашта баъди ингуна тасмимҳо чанд додрас барои ришвахорӣ ба додгоҳ кашида шуда, ҷазо гирифтаанд.

Аваз Назарзода дар моҳи январи соли 2024 додситони вилояти Хатлон таъйин шуда буд. Аз он пеш дар мақоми додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардааст. Пеш аз он додситони шаҳрҳои Панҷакент ва Хуҷанд буд.

Назарзода баъд аз он додситони Хатлон таъйин шуд, ки ​бо амри президенти Тоҷикистон роҳбарони ниҳодҳои қудратии вилояти Хатлонро барои бесалоҳиятӣ аз кор ронданд.

Рӯзи 3-юми ноябр ҳамчунин додситонҳои вилоятҳои Бадахшон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуросон, Балҷувон, Шаҳритус, Зафаробод, Спитамен, Деваштич, Рашт, Файзобод ва додситони ҳарбии минтақаи Рашт иваз шуданд.

Бо қарорҳои ҳукумат раиси Оҷонси меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ барканор шуда, муовини вазири энергетика, ду муовини Хадамоти алоқа ва ректорони чанд донишгоҳ нав шуданд.