Барои аризаи Гринкорт пардохти 1-долларӣ ҷорӣ шуд

Департаменти давлатии ИМА барои хоҳишмандони иштирок дар лотереяи ҳақи иқомат дар Амрико ё Гринкорт пардохти ҳатмие дар ҳаҷми 1 долларро ҷорӣ намуд. Огаҳиномае дар ин бора дар сомонаи Реестри федеролии ИМА нашр шудааст. Акнун хоҳишмандони ширкат дар лотерея баробари пур кардани аризаи худ бояд 1 доллар маблағро пардохт кунанд.

То ҳол ин кор бепул анҷом мешуд ва танҳо дар сурати бурд дар лотерея баъдан 330 доллар маблағро ба ҳангоми баррасии парвандаашон пардохт мекарданд. Департменти давлатӣ гуфтааст, ки ин чора барои аз иштирок дар маъракаи пуртарафдор дар сайёра хориҷ кардани шахсони тасодуфӣ мусоидат мекунад. Департаменти давлатӣ тахмин кардааст, ки аз ҳисоби ин пардохтҳо буҷаи давлат соле то 25 миллион доллар фоида мебинад ва шояд шумори аризадиҳандагонро коҳиш диҳад.

Лотереяи Гринкорт ё Корти сабз соли 1990 ҷорӣ шуд ва ҳар сол аз роҳи интихоби тасодуфӣ барои 50 ҳазор нафар ҳақи гирифтани иқомати расмӣ дар ИМА-ро фароҳам мекунад.

Таваҷҷӯҳ ба ин барнома дар миёни сокинони кишварҳои пасошӯравӣ хеле зиёд аст ва Узбекистон бузургтарин омори барандагони лотереяро дар соли ҷорӣ дошта, 5564 нафар посухи мусбат гирифтаанд.

Инчунин Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳам дар миёни барандагони калони ин лотерея номбар мешаванд. Аз Тоҷикистон имсол наздики се ҳазор нафар барандаи лотерея шуданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Баъзе муҳоҷирони рондашуда аз Русия мехоҳанд, ба Амрико раванд"Сафи хоҳишмандони кӯчидан аз Тоҷикистон ба Амрико афзудааст. Дар ҷустуҷӯи кор ё осоиш? ВИДЕО