Як гуруҳ сокинони шаҳри Исфара шикоят доранд, ки мақомот барқи деҳаро қатъ карда талаб кардаанд, ки фарзандонашонро ба артиш фиристанд.
Ба гуфтаи сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ ва Сурх, қариб як ҳафта боз барқ надоранд.
Дар наворе, ки сокинон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки масҷид ва кӯчаҳо ториканд ва барқ хомӯш аст.
Як сокини ҷамоати Сурх гуфт, мақомот гуфтаанд, барқи онҳо замоне дубора пайваст мешавад, ки фарзандонашонро ба артиш фиристанд. Мақомот ин шикоятро рад мекунанд.
Намояндагони идораи тақсимоти барқи шаҳри Исфара бидуни зикри номашон гуфтанд, дар баъзе маҳаллаҳои ҷамоати Сурх барқро хомӯш намудаанд, аммо ин ба таъмири хатҳои интиқол вобаста аст ва ба сарбозгирӣ ҳеч рабте надорад.
Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш 1-уми октябр оғоз шуда, то охири ноябр давом мекунад. Мақомот аз ҳоло ҷавононро барои рафтан ба артиш омода мекунанд.
Ин бори аввал нест, ки сокинони шаҳри Исфара аз қатъи барқ дар мавсими даъват ба артиш шикоят мекунанд. Айни чунин шикоят аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳам дар гузашта садо дода буд.