БАТР барои навсозии низоми гармидиҳии Душанбе €6 млн медиҳад

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои навсозӣ кардани низоми гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе, ба Тоҷикистон 6 миллион евро медиҳад. Тибқи иттилои Вазорати молия, созишномаи мазкур 6-уми октябр дар Душанбе имзо шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз 6 миллион евро 3 миллионаш грант ё маблағи бебозгашт ва нисфи дигар қарз аст. Шарту шароити ин қарз эълон нашудааст.

Дар шаҳри Душанбе ду маркази барқу гармидиҳӣ кор мекунанд, ки якеаш аз сӯи ширкати чинии "ТВЕА" сохта шудааст.

Фаъолияти ҳарду маркази гармидиҳии пойтахт нигаронии фаъолони муҳити зистро ба миён овардааст, чун ин марказҳо бо ангишт кор карда, ҳаворо ифлос мекунанд.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки мақомоти Тоҷикистон бо 6 миллион еврои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд кадом бахши низоми гармидиҳии пойтахтро навсозӣ мекунанд.