Баъди таҳрими ду ширкати калони нафтии Русия аз сӯи Амрико, чанд ширкати бузурги чинӣ хариди нафтро аз Русия бас кардаанд. Дар ин бора пойгоҳи Bloomberg бо такя ба манобеаш хабар додааст.
Ба гузориши манбаъ, худдории ширкатҳои чинӣ аз хариди нафти Руся боиси якбора паст шудани нархи нафти ESPO шуд. Моҳи октябр ИМА ба далели ҷанги Русия дар Украина алайҳи ширкатҳои русии “Роснефт” ва “Лукойл” таҳрим ҷорӣ кард.
Ба гузориши пойгоҳи Bloomberg, калонтарин ширкатҳои коркарди нафти Чин, аз ҷумла Sinopec ва PetroChina аз хариди нафти Русия даст кашидаанд. Ин ширкатҳои чинӣ аз он тарс доранд, ки ба рӯйхати таҳримҳои Амрико ва Иттиҳоди Аврупо шомил шаванд.
Ахиран Иттиҳоди Аврупо ширкати чинии Shandong Yulong Petrochemical Co.-ро ба рӯйхати сиёҳ шомил кард. Ба ҳисоби Rystad Energy AS баъди худдории чанд ширкати калони чинӣ, интиқоли нафт аз Русия ба Чин рӯзона то 400 ҳазор бушка дар рӯз кам шудааст.
Bloomberg менависад, таҳримҳо ҳамзамон натиҷаи баръакс ҳам додаанд. Аз ҷумла, ширкати Yulong, ки қаблан аз сӯи Аврупо таҳрим шуда буд, пурра ба хариди нафти Русия гузаштааст.
Дар ҳамин ҳол Туркия ҳам хариди нафт аз Русияро кам кардааст.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кам кардани хариди сӯзишворӣ аз Русияро бо шариконаш дар Осиё баррасӣ дорад.
Русия таҳримҳои Ғарбро ғайриқонунӣ медонад.