"Бо амри Ҳайбатулло Охундзода". Интернети сокинони Балх маҳдуд шуд

Марде дар Урузгон аз интернети 4G истифода мекунад. Акс аз соли 2022

Сухангӯи ҳукумати Толибон дар Афғонистон мегӯяд, раҳбари ин ҷунбиши тундгаро ба мақсади, ба гуфтааш, "ҷилавгирӣ аз бадахлоқӣ" дар вилояти шимолии Балх истифодаи нахҳои оптикии интернетро манъ кардааст.

Аз замони сари қудрат омадани Толибон дар соли 2021-ум ин бори аввал аст, ки идораҳои ҳукуматӣ, бахши хусусӣ, ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва хонаҳои сокинони Балх аз интернет маҳрум мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, интернети мобилӣ дар Балх фаъол боқӣ мемонад. Сухангӯйи ҳукумати Балх Ҳоҷӣ Атоуллоҳ Зайд ба хабаргузории Ассошиэйтед пресс гуфтааст, ки "манъи комил" бо ҳукми раҳбари Толибон Ҳайбатулло Охундзода ҷорӣ шудааст.

Маълум нест, ки чаро чунин қарор маҳз вилояти Балхро марбут аст ва оё ин ҳукм ба дигар вилоятҳои Афғонистон тавсеа хоҳад ёфт ё на?

Дар гузашта мақомдорони Афғонистон ҳангоми чорабиниҳои дастаҷамъӣ истифодаи интренети мобилиро манъ мекарданд, то аз инфиҷори маводи тарканда пешгирӣ шавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Монеаҳои нав барои занони афғон, ки ҳама наздиконашонро дар зилзила аз даст доданд Қонуни нави Толибон. Сурудани шеърҳои ошиқона манъ шуд