Боз як оила аз азияти фарзандашон дар мактаб шикоят дорад

Мубориз Разоқиён бо падараш дар бемористон

Гулҷаҳон Бурҳонова, модари як донишомӯзи синфи як иддао дорад, ки писараш баъди задани омӯзгор бистарӣ шуда, то кунун сиҳат наёфтааст. Волидайни ин хонанда даъват доранд, ки муаллима ӯро барои ба мактаб гул наоварданд задааст. Аммо омӯзгор ин шикоятро рад карда мегӯяд, ба шогирдаш даст набардоштааст.

Воқеа 11-уми сентябр дар мактаби 4-и ноҳияи Муъминобод рух дода, ба гуфтаи хонандаи мактаб Мубориз Раззоқиён ӯ 16 рӯз дар беморхона бистарӣ шудааст.

Гулҷаҳон Бурҳонова модари ин наврас ба дафтари Радиои Озодӣ омада гуфт, "фарзанди маро муаллимааш задааст. Ҷойи ин алам кард, ки писари маро барои беодобӣ назадаст, зеро мо ӯро омода карда ба мактаб равон кардаем. Муаллима гуфтааст барои мактаб гул биёред, набурдааст, барои ҳамин задаст".

Шарифамоҳ Шаҳромӣ, омӯзгоре, ки иддао мешавад мактабхонро задааст, мегӯяд ба шогирдаш аслан даст нарасондааст.

"Назадам. Ҳар куҷое, ки бираванд назадаам, ман ягон касро назадаам. Онҳо дар берун бозӣ мекарданд. Аз дарс меравад, мазааш мегурезад. Ҳар як фарзанде, ки дар ин синф мехонад онҳоро ман фарзанди худ медонам. Ин қадар сол кор кардам, ягон кас ин гуна шикоят накардааст",- мегӯяд омӯзгор.

Дар ҳоле, ки омӯзгор ин шикоятро рад мекунад, волидайни хонанда мегӯянд, Мубориз Раззоқиён пас аз ҳодиса ба хона омада аз дарди сар шикоят мекунад.

"Рӯзи 10-уми сентябр бачам гуфт, ки муаллима мегӯяд, гул биёред. Гуфтам бирав бигӯ, ки ман бардошта бурда наметавонам. Рафт аз мактаб омад дар ҳолати партов-партов, қайкунӣ, сарам месӯзад, сарам дард мекунад гуфт. Ба беморхонаи Муъминобод овардем, гуфтанд осеби сар гирифтааст. Аз ҳисоби худамон дорую дармон гирифтем, таҳти табобати табибон буд. То имрӯз ба ҷуз фишор ҳеч чизи дигарро надидаам. Аз кадом мақомоте омаданд ба ман фишор меоранд”,-мегӯяд Давлатмурод Алимшоев, падари Мубориз.

Табибони Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод ба наврас "осеби пӯшидаи косахона ва мағзи сар, ларзиши мағзи сар" ташхис гузоштаанд.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боз як оила аз азияти фарзандашон дар мактаб шикоят дорад

Гулҷаҳон Бурҳонова, модари Мубориз мегӯяд, ки пас аз ҳодиса шавҳараш ба додситонии ноҳияи Муъминобод, ҳукумати ноҳия, шуъбаи маориф ва мақомоти дигар муроҷиат кардааст, вале ҳамаи шикоятҳо бенатиҷа буданд. Баръакс ба шавҳараш фишор овардаанд, ки аз шикоят даст кашида, қазияро расонаӣ накунад. Шавҳараш дар пайи фишорҳо худро пас кашидааст, вале худи ӯ мехоҳад омилони ин қазия посух диҳанд:

"Барои ҳамин ман омадам шикоят дорам, ки тамоми мақомоти болоӣ бохабар шаванд. Ман ба мактаб фарзанди солим равон кардаам, мехоҳам фарзанди солим дошта бошам. Ба доди ман бирасанд", - мегӯяд Гулҷаҳон Бурҳонова.

Феълан маълум нест, ки додситонӣ ва мақомоти дигари ноҳияи Муъминобод дар пайи ин ҳодиса санҷиш гузарондаанд ё не. Мақомот қазияро шарҳ надоданд. Аммо Гулҷаҳон Бурҳонова, модари хонандаи мактаб мегӯяд, ки намояндагони мақомот ба онҳо гуфтаанд, ки агар шикоят накунанд барояшон кумак расонда мешавад.

Меҳмед Бозоров, хонандаи мактаб аз шаҳри Леваканд

Дар ду моҳи ахир, чандин қазияи латукӯби мактабхонҳо аз сӯйи омӯзгорон дар мактабҳои Тоҷикистон расонаӣ шуд. Аз ҷумла додситонии шаҳри Левакант (Сарбанди собиқ) нисбат ба як омӯзгор бо иттиҳоми иҷро накардани ӯҳдадорӣ дар “таълиму тарбияи ноболиғ” парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Наздикони Меҳмед Бозорови 17-сола иддао карда буданд, ки рӯзи 6-уми сентябр ӯро Фарҳод Назаров, омӯзгори забони англисии мактаби рақами 4-и ин шаҳр латтукӯб кардааст ва ӯ 15 рӯз дар бемористон бистарӣ буд.

Назари омӯзгор ба ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест.

Идораи маорифи шаҳри Левакант рӯзи 1-уми октябр дар саҳифаи Фейсбук навиштааст, ки “омӯзгор асабонӣ гардида, ба рӯйи хонанда як шаппотӣ задааст”, вале хонанда осеб надида, “пурра сиҳату саломат аст.”

Моҳи июни имсол Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ як омӯзгори ҷавонро бо гуноҳи иҷро накардани уҳдадорӣ барои таълиму тарбияи як шогирдаш 1500 сомонӣ ҷарима бастааст. Он вақт низ волидайни як хонанда даъво доштанд, ки омӯзгор фарзандашонро задааст. Худи омӯзгор гуфта буд, навраси 13-сола аввал ба духтарони ҳамсабақаш ҳамла карда, онҳоро дашном додааст.

Дар Тоҷикистон бар асоси қонун зӯроварӣ ба муҳассилон ва кӯдакон манъ аст, аммо дар гузашта чанд муаллимро бо гуноҳи бадрафторӣ бо шогирдонашон ҷазо додаанд. Айни замон муаллимони тоҷик аз каҷрафтории шогирдон ва беэътиноии онҳо ба дарс ва бепарвоии волидон нисбат ба таълиму таҳсили фарзандонашон шикоят мекунанд.