Боздошт 4 тан дар Душанбе барои рафтан ба назди фолбин

Пулиси Душанбе аз муҷозоти чор нафар барои рафтан ба назди фолбин хабар додааст. Мақомот мегӯянд, ду нафар аз инҳо духтарони ҷавон ва ду каси дигар занони миёнсол ҳастанд.

Маълум нест, ки онҳо барои чӣ ба назди фолбин рафтаанд. Мақомот гуфтанд, нисбати ин чор нафар бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ санад тартиб додаанд.

Моҳи июли имсол ҳукумати Тоҷикистон ба порлумон пешниҳод кард, ки барои рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо ва истифода аз кори онҳо ҷазо таъйин карда шавад.

Дар санаде, ки Вазорати адлия нашр кард, дида мешавад, ки барои рафтан ба назди сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 375 то 750 сомонӣ), ҷарима таъйин шудааст.

Вале Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар хабарномае навишт, муштариёни фолбин ва ҷодугарҳо аз 3700 то 4500 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо, худдорӣ кунанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта хабар дода буд, ки мизоҷони фолбинҳо ба шуъбаҳои ВКД даъват шуда, номашон дар махзанҳои алоҳида бо расмҳояшон гузошта мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон давоми як соли ахир маъракаи мубориза бо фолбинон ва ҷодугаронро оғоз кардаанд. Вале пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандони онҳо ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.