Боздошти дигарбораи Амриддин Холмуродов дар Словакия

Амриддин Холмуродов

Амриддин Холмуродов, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистонро дигарбора дар Словакия дастгир кардаанд.

Ӯ бештар аз як ҳафта боз дар Боздоштгоҳи муҳоҷирон дар шаҳри Кошитсе аст, вале мегӯяд, сабабашро намедонад.

Додгоҳе дар Словакия рӯзи 19-уми январи имсол ӯро аз боздошт раҳо карда буд.

"Вақте ҳуҷҷатҳоро дубора барои гирифтани паноҳандагӣ пешниҳод кардам, пулис боздошт кард," - гуфт вай рӯзи 3-юми феврал ба Радиои Озодӣ.

Ивета Райтакова, вакили мудофеи Амриддин Холмуродов, аз додгоҳ хостааст, ӯро ҳарчи зуд раҳо кунад.

"Намояндагони додгоҳ навиштанд, ки агар дар чанд рӯзи оянда шикояте аз пулис нарасад, озод карда мешавад. Мо талош дорем, вайро ба кишваре фиристанд, ки аз онҷо ба Тоҷикистон фиристода нашавад," – мегӯяд Райтакова.

Амриддин Холмуродовро бори аввал дар моҳи феврали соли 2022, ҳангоми гузаштан аз сарҳади Украина ба Словакия, бо дархости Душанбе дастгир карданд.

Баъди тақрибан ду сол, дар моҳи январи соли 2024, раҳо гардид, вале ҳангоми убур аз сарҳади Олмон дигарбора боздошт ва ба Словакия фиристода шуд.

Пайвандонаш қаблан гуфта буданд, ки ӯ дар Тоҷикистон ба “барангехтани кинаю адовати динӣ”, “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" ва “даъват ба ифротгароӣ” муттаҳам аст ва хеле барвақт Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори ҳабсашро содир карда буд.

Амриддин Холмуродов дар гузашта дар шабакаи иҷтимоии “Однокласники” бо имзои “Муҳаммадҷон Умаров” сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард. Худаш дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, як муддат бо ҷонибдорӣ аз “Гурӯҳи 24” камбудҳои ҳукуматро менавишт.