Дар Чехия беш аз 40 коргари идораи полис дар як вақт шикамдард шуданд

Ходими полиси Чехия ба ҳангоми ҳодисаи тирандозӣ дар донишгоҳи Карлови шаҳри Прага дар декабри соли 2023 дар назди ин муассиса қарор дорад

Дар шаҳри Прагаи Чехия ҳафтаи гузашта дар як вақт беш аз чил корманди як идораи полис бо нишонаҳои исҳол ё шикамдард ба духтур муроҷиат кардаанд. Сомонаи чехии iDNES рӯзи 17 сентябр навишт, ки ҳодиса ҳафтаи гузашта дар идораи полиси маҳаллаи Летна рух дод.

Таҳқиқ шурӯъ шудааст, вале фарзияи аввалия ин аст, ки эҳтимолан бемории ходимони полис хусусияти вирусӣ дорад. Ҳанӯз манбаи сироят маълум карда нашудааст, вале барои пешгирӣ аз ҳама гуна эҳтимоли бадтар шудани вазъ барои як муддат ошхонаи умумӣ ва буфети бинои идораи полис баста шуд.

Ҳана Мала, як намояндаи ин идораи полис ба нашрия гуфтааст: “44 корманд бо нишонаҳои сабуки шикамравӣ шикоят карданд. Таҳқиқоти микробиологӣ вуҷуди хусусиятҳои бактериологии бемориро тасдиқ накард. Инчунин ВКД ба ҳайси идораи таъмини амнияти ҷамъиятӣ таҳқиқи эпидемиологиро ба роҳ мондааст”.

Ӯ гуфт, ки тафтиши ошхонаву буфет ҳеҷ мушкилеро ошкор накард ва баъди анҷоми таҳқиқ ин ду муассисаи хӯроки умумӣ аз рӯзи сешанбе дубора корро аз сар гирифтанд. Мала гуфт, баъди он ҳодиса дигар шикояте дар бораи бад шудани саломатии ходимони идораи полис дарёфт нашудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Дер фаҳмидам, ҳеч дард надоштам" Тавсияи гирифтори саратон ба духтаронИлҳомро саги девона газида кушт. Волидонаш аз саҳлангории табибон мегӯяндТоҷикистон муҳоҷирони баргаштаро аз муоинаи ҳатмии тиббӣ мегузаронад?