Ҳамоиши солонаи САҲА дар мавзуи ҳуқуқи башар рӯзи 6-уми октябр дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон (Полша) оғоз шуд.
Муҳаммадҷон Кабиров, муҳаррири телевизиони “Аздо”, як расонаи наздик ба мухолифини тоҷик, рӯзи 8-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар суҳбаташ бештар ба бетаваҷҷуҳии созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА, ба сарнавишти рӯзноманигорони зиндонӣ ва нашрияҳое, ки баста шудаанд, тамаркуз карда буд.
“Бо истифода аз фишангҳои давлатӣ ва каналҳои дипломатӣ озодии рӯзноманигорони зиндонӣ, бахусус занон ва пиронсолони боздоштшударо талаб кунед. Ба муқобили судяҳо, прокурорҳо ва шахсони мансабдоре, ки барои мурофиаи судии дорои ангезаи сиёсӣ масъуланд, ҷазо ҷорӣ карда шавад,”—гуфт Кабиров.
Ӯ пешниҳод кардааст, ки ба рӯзноманигорони зиндонӣ ҷоизаҳои байналмилалӣ барои озодии баён ва шуҷоат диҳанд, то номашон фаромӯш нашавад.
Убайдулло Саидӣ, раҳбари созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон", рӯзи 8-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар суханрониаш ба масъалаи рӯ ба рӯ будани рӯзноманигорон бо хатари ҷиддӣ дар дохили Тоҷикистон таъкид кардааст.
“Ба таваҷҷуҳи ҳозирон расонидам, ки режими президент Эмомалӣ Раҳмон озодии ВАО-ро хеле маҳдуд кардааст. Онҳо аксаран бо иттиҳоми “ифротгароӣ”, “терроризм” ё “ташкили тазоҳурот” ба ҳукмҳои тӯлонӣ - аз 7 то 21 соли зиндон - маҳкум шудаанд. Барои намуна, рӯзномаи мустақили “Пайк”-ро мисол овардам. Сармуҳаррири он, Аҳмад Иброҳим, дар моҳи январи соли 2025 дар мурофиаи пӯшида ба 10,5 сол зиндон маҳкум шуд. Нашрия аз чоп монд,”--гуфт Убайдулло Саидӣ.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, ба далели фишорҳо соҳибони бисёре аз расонаҳо маҷбур шудаанд, ки ба хориҷи кишвар кӯч банданд ва бархе журналистҳо аз навиштани масоили интиқодӣ даст кашидаанд ё барои эмин мондан кишварро тарк кардаанд.
Дар ҷаласаи солонаи САҲА, ки дар Варшава идома дорад, мавзуи риояи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои узви ин созмон матраҳ мешавад. Маъмулан, ба танқиди мухолифону созмонҳои ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон намояндагони ҳукуматҳо бояд посух диҳанд. Соли дуюм аст, ки намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ширкат намекунанд.