Дар Русия 19 нафар аз нӯшидани арақи бесифат ҷон додаанд

Арақи бесифат сокинонро заҳролуд кардааст.

Дар вилояти Ленингради Русия дастикам 19 нафар дар паи нӯшидани арақи бесифат ҷон додаанд.

Ба навиштаи хабаргузории ТАСС, чанд каси дигар дар беморхона муолиҷа мегиранд. Нашрияи "База" бо такя ба манбаъҳои худ навишт, ки ҳамаи онҳо машруботи дорои спиртро дар деҳаи Гостинитсии ноҳияи Слантсево истеъмол кардаанд. Як сокини маҳаллӣ бо гумони фурӯши ин маводи бесифат ҳабс шудааст.

Дар Русия солҳои охир чандин ҳодисаи заҳролудшавии гурӯҳӣ дар натиҷаи истеъмоли арақи дасткоришуда ба қайд гирифта шудааст, чун сабабаш ба машрубот омехта кардани спирти метил мебошад.

Чанд рӯз пеш дар Русия додгоҳе аз рӯи қазияи заҳролудшавӣ бо нӯшокии "Мистер Сидр" ҳукм содир кард. Баъди нӯшидани ин машрубот соли 2023 дар вилояти Самара 50 нафар ҷон доданд. Соли 2016 дар натиҷаи заҳролудшавӣ бо "Боярышник" 76 кас ҷон дода буд.