"Дар се рӯз 72 метр поён фаромад". Нигаронӣ аз ҳаракати пирях дар Тоҷикобод

Акс аз Оҷонси обуҳавошиносии Тоҷикистон

Мутахассисони идораи обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, пиряхи Деҳдал, ки чанд рӯз пеш як пораи бузургаш канда шуда буд, то ҳол дар ҳаракат аст.

Оҷонси обуҳавошиносӣ 5-уми ноябр бар асоси тасвирҳои моҳвораӣ хабар дод, ки аз 1 то 3-юми ноябр "пирях то ба ҳол дар ҳолати номувозинатӣ қарор дошта, ба ҳисоби миёна давоми се рӯзи охир ба андозаи 72 метр ба поён ҳаракат намудааст".

Ба гуфтаи мутахассисон, бо назардошти вазъи обу ҳаво ва заминларзаи рӯзи 3-юми ноябр "ҳолати пирях айни ҳол пешгӯинашаванда" арзёбӣ мешавад.

Мақомот гуфтанд, идома ёфтани ҳаракати пирях эҳтимоли сар задани офатҳои табиӣ дар минтақаҳои поёнобро зиёд кардааст.

Рӯзи 25-уми октябр як пораи азиме аз пиряхи Деҳдал дар қаторкӯҳҳои Исмоили Сомонӣ канда шуд. Дарозии пиряхи ҷудошуда 1,5 километр буда, баландиаш 50 метр буд.

Намояндагони Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон гуфтаанд, сабаби асосии канда шудани пирях "баландшавии ҳарорати ҳаво ва набудани боришот дар давраи тӯлонӣ мебошад". Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисорот дар пай надошт, аммо ба гуфтаи мутахассисон такрори ин ҳодиса метавонад ба бархе деҳаҳои ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад.