Дар Украина аз донишманди кушташудаи тоҷик ёд карданд

Акси Бежан Шарофов дар маркаи почтаи Украина

Хадамоти почтаи Украина ("Укрпошта") акси Бежан Шарофов, биофизик ва зодаи Тоҷикистонро дар силсилаи маркаҳои почтаи ин кишвар ҷой додааст.

Ӯ дар моҳи апрели соли 2022 дар дифоъ аз хоки Украина дар муқобили таҷовузи Русия кушта шуд.

Хадамоти почтаи Украина рӯзи 7-уми октябр эълон кард, ки дар ҳамкорӣ бо нашрияи илмии "Куншт" ва бунёди хусусии “ЗМІN” силисилае аз маркаҳои почтаи ин кишварро бо акси олимоне, ки дар дифоъ аз Украина кушта шуда буданд, нашр кардааст.

Масъулони ин иқдом гуфтаанд, дар рӯзҳое, ки ба олимони дунё ҷоизаи сулҳи Нобел медиҳанд ва ба суолҳое, ки чаро донишмандони украинӣ дар ин феҳраст нестанд, ин силсилаи маркаҳоро нашр кардаанд.

“Посух кутоҳ ҳаст: зеро Русия донишмандони барҷастаи моро кушт ё саркӯб кард”,--гуфтаанд онҳо.

Онҳо аз Бежан Шарофов ба унвони нафаре ёд кардаанд, ки дубор зидди ишғолгарони рус дар солҳои 2014 ва 2022 силоҳ ба даст гирифтааст.

Бежан Шарофови 32-сола дар Академияи илмҳои Украина кор мекард ва шаҳрвандии ин кишварро дошт. Ӯ дар солҳои 2014-2015 дар ҳайати баталйони ихтиёрии "Айдар" дар вилояти Луҳанск ҷангидааст.

Модараш Лола Шарофова пас аз хабари марги писараш дар соли 2022 гуфта буд, ки Бежан дар моҳи феврали соли 2022 дигарбора "ба ҳимояти Украина бархоста буд".

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷасади Бежан Шарофовро ба наздиконаш додаанд

Наздиконаш гуфтанд, ки ӯ моҳи апрели ҳамон сол кушта шуд, вале маргаш чанд моҳ пас тасдиқ шуд.

Хонаводаи Бежан Шарофов замоне аз Душанбе ба Киев кӯчид, ки ӯ ҳамагӣ 6 сол дошт. Мактабу донишгоҳро дар Украина хатм кард. Модараш мегӯяд, соли 2016 ширкати хусусии биотехнологии "Ukrainian Genetic Technologies"-ро таъсис дод. Пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ дар соли 2019 дар Пажӯҳишгоҳи физиологияи ба номи Богомолетс ба фаъолият пардохт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷике, ки дар Украина зидди нерӯҳои Русия меҷангид, кӣ буд?