Се созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон барои қатъи фишору саркӯбҳо, озодии фаврии зиндониёни сиёсӣ ва оғози муколама аз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мадад хостаанд.
Баёнияи "Ҷунбиши ислоҳот ва рушд", "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" ва "Ҳаракати ислоҳотхоҳон", ки қароргоҳашон дар Аврупост, рӯзи 3-юми ноябр ва дар остонаи мулоқоти президенти Амрико бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нашр шуд.
Қарор аст, мулоқот ин ҳафта дар Вашингтон гузарад. Серхио Гор, намояндаи вижаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ, низ рӯзи 31-уми октябр ҳангоми дидор бо сафири Тоҷикистон дар Вашингтон гуфтааст, "мунтазири ҳайати Тоҷикистон ҳастам."
Шарофиддин Гадоев, Убайдулло Саидӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин, раҳбарони се созмони мухолиф, дар номаи худ ба Трамп гуфтаанд, “имрӯз Тоҷикистон дар ҳолати бӯҳрони амиқи сиёсӣ ва хафақони иҷтимоӣ қарор дорад."
"Дар натиҷаи сӣ соли ҳукумати авторитарӣ, ҷумҳурӣ ба фазое табдил ёфтааст, ки онро назорати комил, тарс ва таъқиб фаро гирифтааст. Ҳазорҳо нафар дар Тоҷикистон дучори таъқиби сиёсӣ гардида, садҳо нафар мавриди шиканҷа ва нопадидшавии маҷбурӣ қарор гирифтаанд,” – афзудаанд онҳо.
Ҳанӯз маълум нест, ки дар Вашингтон номаро гирифтаанд ва оё баррасӣ хоҳанд кард ё на. Аммо номанигорон саҳми Доналд Трампро дар озодии зиндониёни сиёсӣ дар Беларус намоён донистаанд.
Доналд Трамп
Дар ҳоле ки ҳукумати Тоҷикистон будани зиндониёни сиёсиро намепазирад, се созмони мухолиф иддао кардаанд, ки “беш аз 8500 зиндонии сиёсӣ, аз ҷумла рӯзноманигорон, блогерон, вакилони мудофеъ, ҳомиёни ҳуқуқ, уламои дин, фаъолон ва намояндагони мухолифини демократӣ дар зиндонҳо нигаҳ дошта мешаванд.”
“Марг дар зиндон, истифодаи системавии шиканҷа, маҳрум сохтани дастрасӣ ба кумаки тиббӣ ва таҳқиру озори инсонӣ ба амали маъмулӣ табдил ёфтааст. Набудани рақобати сиёсӣ ва аз байн бурдани ҷомеъаи шаҳрвандӣ муҳитро ба радикализм мебарад, ки ин хатари мустақим барои амнияти минтақа, аз ҷумла манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он ба шумор меравад,” – гуфта шудааст дар изҳорот.
Ба қавли намояндагони мухолифони Тоҷикистон, нодида гирифтани ин буҳрон "метавонад боис ба бесуботии Осиёи Марказӣ, авҷи экстремизм ва аз даст рафтани назорати стратегӣ дар минтақа гардад."
Ин бори аввал нест, ки намояндагони созмонҳои мухолиф якҷоя ё алоҳида барои ҳалли душворӣ аз раҳбарони баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Ғарб, дархости кумак кардаанд.
Пештар номаҳои ба ин монандро Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ба шоҳи Нидерланд ва садри аъзами пешини Олмон фиристода буд, вале натиҷааш маълум нест.