Коллегияи олии додрасҳои Русия номзадии Игор Краснов, додситони кулли Русияро ба мақоми раиси Додгоҳи олии ин кишвар дастгирӣ кард. Акнун бояд номзадии ӯро Шӯрои Федератсия қабул кунад. Раиси Додгоҳи олии Русия бо пешбарии президент ба мӯҳлати шаш сол таъин мешавад.
Раиси пешини Додгоҳи олии Русия Ирина Подносова соли гузашта, баъди як соли ишғоли ин мақом даргузашт. Красновро шахси мавриди назари Путин меноманд.
Ӯ 50 сол дошта, аз соли 2006 дар Додситонии кулл ва Кумитаи тафтишот кор мекунад. Дар миёни парвандаҳое, ки зери назари ӯ таҳқиқ шудаанд, сӯиқасд ба ҷони Анатолий Чубайс, куштори Борис Немтсов ва хабарнигор Анастасия Бабурова мебошанд.
Краснов соли 2020 додситони кулл таъин шуд ва дар давраи ӯ чандин парвандаи зидди мухолифон, аз ҷумла раҳбари Бунёди зидди коррупсия Алексей Навалний боз шудааст.
Низоми адлияи Русияро барои ҳукмҳои ноодилонаву фармоишӣ ва олудагиаш ба фасод бисёр интиқод мекунанд.