Эътилофи 12 кишвар барои кумаки молӣ ба кишвари Фаластин

Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин дар Маҷмааи умумии СММ суханронӣ кард

Дувоздаҳ кишвар, аз ҷумла Бритониё, Фаронса, Ҷопон, Арабистонӣ Саудӣ ва Испания барои ҳимояти молӣ аз ташкилоти худгардони Фаластин эътилоф ташкил кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Испания дар баёнияе гуфт, эътилоф баъд аз он ташкил шуд, ки ташкилоти худгардони Фаластин "ба буҳрони молии бесобиқа" рубарӯ аст.

Намояндагони Ташкилоти худгардони Фаластин ахиран аз камбуди шадиди пули нақд хабар доданд.

Эътилофи нав бо ҳадафи таъмини молии Ташкилоти худгардони Фаластин воқеъ дар Ромаллоҳ, ҳифзи тавоноии он барои ҳукуматдорӣ, ирсоли хизматрасониҳои зарурӣ ва ҳифзи амният шакл гирифтааст. Намояндагони 12 кишвар гуфтаанд, ҳамаи ин талошҳо "барои суботи минтақа ва ҳифзи роҳи ҳалли ду кишвар зарурӣ ҳастанд".

Дафтари нахуствазири Фаластин эълом кардааст, ки 12 кишвар ваъда додаанд, ки барои ташкилоти худгардон ҳадди ақал 170 миллион доллар кумак мекунанд.

Вазири корҳои хориҷии Арабистон рӯзи 25-уми сентябр эълом кард, ки кишвараш ба ташкилоти худгардони Фаластин 90 миллион доллар медиҳад.

Бар асоси санаде ки соли 1994 дар шаҳри Париж тасвиб шуд, Исроил даромадҳо аз молиёт (андоз)-ро ба намояндагӣ аз ташкилоти худгардони Фаластин ҷамъоварӣ мекунад.

Пас аз оғози ҷанг дар Ғазза, Исроил ирсоли ин даромадҳоро ба Ташкилоти худгардони Фаластин манъ кард. Ташкилоти худгардони Фаластин мегӯяд, ки баъди ин кор хизматрасонӣ дар бахшҳои омӯзишӣ, табобат ба мушкил рубарӯ шуда, сатҳи фақр чанд баробар зиёд шудааст.

Исроил мегӯяд, ки бахше аз ин маблағро барои пардохти пули барқе, ки фаластиниҳо истифода бурдаанд, нигоҳ доштааст.