Эътирозгарон дар Гурҷистон хостанд қасри президентро тасарруф кунанд

Дар пайи интихоботи мақомоти маҳаллӣ дар Гурҷистон, муътаризон талош карданд қасри президентро дар шаҳри Тифлис ғасб кунанд. Ба гузориши сомонаи "Эхо Кавказ", ба гуруҳе аз эътирозгарон муяссар шуд, ки вориди ҳавлии қасри президент шаванд.

Неруҳои вижаи пулис барои дифоъ аз қасри президент ва пароканда кардани эътирозгарон аз гази ашковар ва мошини обпош истифода карданд. Гузориш шудааст, ки пулис барои юриш ё ҳамлаи аввали эътирозгарон омода набуд ва неруҳои иловагӣ талаб кард. Ба гузориши расонаҳо, 16 афсари пулис ҷароҳат бардоштаанд.

Саломе Зурабишвилӣ, раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон, ки дар сафи мухолифин аст, талоши тасарруфи қасри президентро иғво номид.

Рӯзи 4-уми октябр дар Гурҷистон интихоботи мақомоти маҳаллӣ баргузор шуд. Аҳзоби мухолиф, аз ҷумла ҳизби президенти собиқ Михаил Саакашвили овоздиҳиро бойкот карданд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ аз баргузории тазоҳуроти осоишта дар маркази Тифлис хабар доданд.

Паат Бурчуладзе, овозхони опера ва аз созмондиҳандагони намоиши эътирозӣ ҳукуматро ғайриқонунӣ хонд ва аз интиқоли ҳокимият "ба дасти мардум" хабар дод.