Филми Шаҳроми Мокрӣ аз номи Тоҷикистон ба ҷоизаи “Оскар” пешбарӣ шуд

Саҳнае аз филми “Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед”

Филми коргардони эронӣ Шаҳроми Мокрӣ “Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед” аз ҷониби Тоҷикистон ба ҷоизаи бонуфузи синамоии “Оскар” пешбарӣ шуд. Дар ин бора рӯзи 29 сентябр чандин расонаи байналмилалӣ, аз ҷумла https://www.hollywoodreporter.com/ хабар додааст.

Ба навиштаи ин расона, драмаи детективии дар Тоҷикистон наворгиришуда “се қиссаи аз ҳам ҷудоро бозгӯ мекунад, ки дар як моҷарои асроромезе ба ҳам мепайванданд”. Ин филм аз номи Тоҷикистон ба қазовати озмуни синамогарни амрикоӣ фиристода шудааст. То имрӯз ин филм ҷоизаи Vision Asian Award-ро дар ҷашнвораи байналмилали Пусан бурда, инчунин қарор аст дар ҷашнвораҳои синамоии Лондон ва Чикаго ба намоиш гузошта шавад.

Қиссаи филм чунин аст, ки вақти наворгирии филме силоҳсозе дарк мекунад, ки аслиҳа сохта не, ҳақиқӣ аст. Як ҳунарпеша омада талаб мекунад, ки ба ӯ нақше бидиҳанд. Ва як қурбонии садамаи нақлиётӣ шабҳа мекунад, ки шояд ҳодисаи бо ӯ рухдода як кори махсус ташкилшуда аст. Дар ниҳоят ин се моҷарои гуногун дар як пайванди асроромезе ба ҳам мепечанд.

“Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед” филми чоруми калонҳаҷми Мокрӣ аст. Филмҳои гузаштаи ӯ “Моҳӣ ва гурба” (2013), «Ҳуҷум» (2017), «Ҷинояти бедиққат» (2020) дар ҷашнвораҳои мухталифи ҷаҳонӣ намоиш дода шудаанд. Филми охиран барандаи ҷоизаи ҷашнвораи Чикаго шудааст.


ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Баъди пирӯзии Паноҳӣ дар Канн мақомоти Эрон кордори Фаронсаро фаро хонданд Оскар. Ҷоизаи "Дар сояи сарв"-и синамогарони эронӣФилми муштараки Тоҷикистону Эронро ба “Оскар” мебаранд? ВИДЕОҚаҳрамони филми "Шаҳрзод"-ро дар Эрон боздошт карданд