Мухтасар
- Кормандони идораҳои давлатӣ ва донишҷӯён дар Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон аз тарси аз даст додани ҷойи кору таҳсил ё гирифтани танбеҳ ба пахтачинӣ маҷбур мешаванд.
- Мақомот иддао доранд, ки иштирок дар ҷамъоварии пахта ихтиёрист, аммо далелу гузоришҳо бозгӯйи маҷбурӣ будани ин раванд аст. Баъзе аз коргарон ночор ба мансабдорон ришва медиҳанд ё дигаронро ба ҷойи худ киро мекунанд.
- Бо вуҷуди ислоҳот ва назорати байнулмилалӣ, кори маҷбурӣ дар пахтазорҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мондааст. Сабабаш ҳам назорати мутамаркази саноати пахта аст ва музди поини деҳқонону пахтачинҳо.
"Як ҳафтаро дар саҳро гузарондем"
Ҳурматой дар бунгоҳи тиббӣ дар як деҳаи вилояти Суғд кор мекунад. Ӯ фишори хуни беморонро месанҷад, сӯзандору мегузаронад ва аз ҳоли маризоне хабар мегирад, ки дар хонаашон бистарӣ ҳастанд. Аммо ин ҳамшираи шафқат як муддат аз тақрибан 300 ҳамдеҳааш дуртар кор кард. Вай ба ҷойи нигоҳубини беморон ба пахтачинӣ рафт.
“Ман ва даҳҳо корманди дигари давлатӣ як ҳафтаро дар пахтазор гузарондем. Дар хобгоҳҳои муваққатӣ дар наздикии саҳро будем. Аз субҳ то фурӯ нишастани офтоб кор кардем ва танҳо барои хӯроки нисфирӯзӣ танаффуси кӯтоҳ доштем,” – нақл кард Ҳурматой. Ин зан аз тарси он ки мақомот мабодо аз ӯ қасос нагиранд, насабашро ошкор накард.
Пахта яке аз маҳсулоти муҳими содиротии кишварҳои Осиёи Марказист. Узбекистон дар байни даҳ истеҳсолкунандаи асосии пахта дар ҷаҳон қарор дорад. Ин кишвар ҳар сол қариб 3,5 миллион тонна пахтаи хом мегирад ва 1,3 миллион тонна нахи пахта истеҳсол мекунад. Баъди он Туркманистон бо тақрибан 800 ҳазор тонна ва Тоҷикистон бо тақрибан 500 ҳазор тонна ҳосили пахта меистанд.
Ҳурматой яке аз ҳазорҳо корманди бахши тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои дигари давлатӣ ва донишҷӯён аст, ки дар тирамоҳи имсол дар Тоҷикистону Туркманистон ва Узбекистон ба майдонҳои пахта бурда шудаанд. Дар натиҷа, мактабу бемористону идораҳо дар мавсими ҷамъоварии ҳосил корманди кофӣ надоштанд. Мавсим аз охири моҳи август то ноябр давом мекунад.
Ба гуфтаи гурӯҳҳои ҳуқуқи башар, мақомоти минтақа кормандонро бо таҳдиди аз кор рондан ба пахтачинӣ мебаранд. Ин дар ҳолест, ки донишҷӯён бо чораҳои интизомӣ ё ихроҷ аз мактаби олӣ таҳдид карда мешаванд. Бархе ба мақомот ришва дода, худро аз заҳмати пахтачинӣ халос мекунанд. Иддае дигар дар Тоҷикистону Туркманистон ё коргар киро мекунанд ё ба ҷойи худ яке аз пайвандонро мефиристанд.
“Агар наравам, корамро аз даст медиҳам”
Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки зери фишор, аз ҷумла таҳримҳои байнулмилалӣ, пахтачинии маҷбурӣ дар солҳои охир кам шудааст, ҳарчанд достони Ҳурматой ва дигарон нишон медиҳад, ки он ҳамчунон идома дорад. Ҳурматой гуфт, харҷи хӯрок аз музди пахтачинии онҳо кам карда шудааст.
“Ҳамин тавр, дар ниҳоят, мо пули кам мегирем. Ин кори душвор аст. Ман 48-сола ҳастам, дарди пушт дорам ва барои ин кор пир шудаам. Аммо агар наравам, хатари аз даст додани корам ҳаст", - гуфт вай ба Радиои Озодӣ.
Мақомот исрор меварзанд, ки иштирок дар ҷамъоварии пахта ихтиёрӣ аст. Гузоришу далеҳое, ки Радиои Озодӣ ҷамъоварӣ кард, ҳолати баръаксро нишон медиҳанд. Барои мисол, мақомоти маориф ба мактабу омӯзишгоҳҳо дар вилояти Хатлон (ҷануби Тоҷикистон) дастур додаанд, ки муаллимону донишҷӯёнро “дар вақти холӣ” ба саҳро фиристанд.
Ду омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба онҳо дастур шудааст, дар рӯзҳои истироҳатӣ пахта чинанд, вагарна хатари аз кор ронда шуданашон ҳаст.
Муаллимон, ҳамшираҳои шафқат ва мақомоти маҳаллӣ дар чанд вилояти Узбекистон гуфтанд, ки онҳо барои пайвастан ба “маъракаи ихтиёрӣ"-и пахтачинӣ зери фишор монданд.
“Ҳамаи кормандони мактаби мо – муаллимон, посбонҳо ва кормандони маъмуриву техникӣ – пахта мечинанд", - гуфт як омӯзгор аз Бухоро ба Радиои Озодӣ. "Ба мо дастур доданд, ки агар касе пурсад, бигӯем, мо ихтиёрӣ омадем", - афзуд ӯ бо шарти фош нашудани номаш.
Ҷамъоварии пахта дар Самарқанд. Акс аз соли 2015
Мақомот мегӯянд, “кори маҷбурӣ манъ аст”, вале...
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, ки соли 2016 ба қудрат расид, ваъда дода буд, ки кори маҷбурӣ ва меҳнати кӯдаконро дар бахши пахтаи Узбекистон аз байн мебарад. Чун пахтаи Узбекистон ба далели истифода аз нерӯи кӯдакон бо таҳрим ё бойкоти гурӯҳҳое ба монанди H&M, Nike ва Walmart дучор шуд.
Мирзиёев дар соли 2023 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал гуфт, ин амал “пурра аз байн бурда шудааст”. Имсол гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва расонаҳои маҳаллӣ аз эҳёи ин раванд зери ному тамғаи наве ба мисли “иштироки ихтиёрӣ” хабар доданд. Раисҷумҳури Узбекистон рӯзи 26-уми сентябр барои ҷамъоварии зудтари ҳосил маъракаи даҳрӯзаи "фавқулода" эълон кард.
Имсол Узбекистон дар 875 ҳазор гектар пахта корид ва ҷамъоварии 3,7 миллион тонна ҳосилро ба нақша гирифт. Вазорати кори Узбекистон рӯзи 14-уми октябр гуфт, ки зиёда аз ҳафтод мавриди вайрон кардани қонуни меҳнат ошкор шудааст ва таъкид кард, ки “ҳама навъи меҳнати маҷбурӣ қатъиян манъ аст”.
Чанд мансабдори маҳаллӣ барои маҷбур кардани сокинон ба пахтачинӣ ҷарима шуданд. Дар миёни онҳо муовини раиси як ноҳия дар вилояти Сурхондарё низ ҳаст, ки барои таҳқир ва таҳдиди аъзои кумитаи маҳалла, ки одамонро ба ҷамъоварии пахта нафиристоданд, 2,6 миллион соми узбекӣ ё 1720 доллар ҷарима пардохт.
Мақомот дар Туркманистон дар баробари деҳқонону хидматчиёни давлатӣ, сарбозон, зиндониёни собиқ ва ҳатто онҳоеро, ки алименти фарзандонро напардохтаанд, ба саҳро фиристодаанд. "Бар хилофи солҳои гузашта, ба бисёре аз кормандони давлатӣ гуфта шуд, ки бепул кор кунанд. Мақомот далел оварданд, ки онҳо маоши худро аз давлат мегиранд," - гуфт як сокини вилояти ғарбии Балкан бо шарти фош нашудани номаш.
Таҳлилгарон мегӯянд, сарфи назар аз ислоҳот ва фишори байнулмилалӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта дар Осиёи Марказӣ то ҳол бо кори маҷбурӣ анҷом мегирад. "Соҳаи пахтакорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ислоҳнашуда мемонад", - гуфт Алишер Илҳомов, мудири гурӯҳи тадқиқотии Central Asia Due Diligence дар Бритониё. Ӯ афзуд, “ислоҳоти Мирзиёев сиёсӣ буд. Он сафарбарии оммавиро ба пахтачинӣ барои муддате боздошт, аммо низоми марказонидашуда дигар нашудааст.”
Як иқтисоддон дар шаҳри Душанбе гуфт, “фиристодани донишҷӯён ва коргарони давлатӣ ба саҳро роҳи ҳал нест. Агар ҳукумат ҳаққи деҳқонҳову пахтачинҳоро зиёд кунад, бисёриҳо бо хоҳиши худ ба он ҳамроҳ мешаванд.”