ФСБ: Ду зодаи Осиёи Марказӣ ва шаҳрванди Русия барои талоши ҳамла ба канисаи яҳудӣ боздошт шуданд

Акс аз бойгонӣ

Хадамоти амнияти федеролии Русия ё ФСБ бо нашри наворе хабар додааст, ки аз ҳамлаҳои террористӣ ба як каниса ва бинои ҷамъияти динии яҳудиён дар Красноярск ва Пятигорск ҷилавгирӣ намудааст. Бино ба иттилоияи ин ниҳод, ки субҳи 6-уми октябр мунташир шуд, “ду зодаи Осиёи Марказӣ ва як шаҳрванди Русия нақша доштанд дар ду макони марбут ба яҳудиён ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд”.

Ба қавли ин ниҳод, ҳамлаҳо "бо баҳонаи ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандони давлати Фаластин, ки дар ҷараёни низои байни Фаластин ва Исроил осеб дидаанд, тарҳрезӣ шудаанд".

Дар хабарнома омадааст, ки нерӯҳои амниятӣ дар Красноярск ду нафарро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздошт карданд, ки дар наздикии канисаи ин шаҳр барои инфиҷор кардани маводи тарканда омодагӣ мегирифтанд. Ҳамчун далели шайъӣ аз як махфигоҳи онҳо маводи хомро мусодира кардаанд.

Нисбати дастгиршудаҳо аз рӯи моддаи тайёрӣ ба амали террористӣ ва кӯмак ба фаъолияти террористии Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздошти зодагони Осиёи Марказиву Қафқоз барои тарҳрезии ҳамлаҳо ба ибодатгоҳҳои яҳудии Русия

Ҳамзамон ба гуфтаи Хадамоти федеролии амнияти Русия як шаҳрванди Русия дар Пятигорск барои қасди оташ задани бинои ҷамъияти динии яҳудиён бо истифода аз коктейлҳои “Молотов” боздошт гардид. Аз ӯ ду корд ва дастгоҳи иртиботӣ ёфт шуд, ки дар он паёмҳои як ҳамоҳангсози хориҷӣ дар Telegram навишта шудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи “Тайёрӣ ба амали террористӣ”-и Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

То куҷо воқеият доштани ин ҳодиса маълум нест, чун дар гузашта ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар бораи саҳнасозӣ будани баъзе аз чунин боздоштҳо таъкид кардаанд. Дар гузашта муҳҷоироне аввал кушта ва сипас дар таҳияи ҳамла гунаҳкор шудаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, полис ба хотири боло нишон додани омори пешгириву боздошти гумонбарони терроризм гоҳо даст ба сохтакорӣ мезанад ва заифтарин қишри ҷомеа - муҳоҷирони кориро дар қабои террористу ҷинояткор муаррифӣ мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Узбекистон ба "рейд"-и ФСБ ба консерти муҳоҷирон вокуниш кардМаълумоти муҳоҷироне, ки баъди ихроҷ ном иваз карданд, ба ФСБ меравад