"Наёфтем. Ба кадом нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ медароем, мегӯянд, ки газ нест ва дар як-ду рӯзи оянда ҳам намешавад." Лутфулло, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, рӯзи панҷуми ноябр чанд нуқтаи фурӯши сӯзишвориро дар пойтахт гашт, аммо гази моеъ наёфт. Вай ду рӯз боз дар ҷустуҷӯйи газ аст ва бо зарфи холӣ ба хона бармегардад.
Ин шабу рӯз ба мисли Лутфулло шахсони зиёде зарф дар даст гази моеъ мекобанд. Ҳангоми таҳияи гузориш дар панҷ нуқта ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "газ нест". Якбора камчин шудани ин навъи сӯзишворӣ ронандагон ва ҳам сокинонеро, ки дар кори хона аз газ истифода мебаранд, саргардон кардааст.
Аҳмад, сокини Душанбе, рӯзи 5-уми ноябр гуфт: "Ҷойи дувум аст, ки барои газ меоям. Мегӯянд, нест. Барои хӯрокпазӣ. Ман мехоҳам, балони газро пур кунам, барои хона, барои хӯрок. Дигар нест."
Шаҳри Душанбе, 5-уми ноябри 2025
Нархи гази моеъ тайи моҳҳои охир дар Тоҷикистон арзон буд. Як литраш 4 сомониву 60 дирам. Ва бо камчин шудани он арзишаш низ боло рафтааст, то панҷ – панҷуним сомонӣ. Кормандони нуқтаҳои сӯзишворӣ ин рӯзҳо қариб бекор мондаанд, вале мегӯянд, сабаби набудани газ барояшон маълум нест.
Зиёдулло, масъули як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, гуфт, "ҳама мепурсанд, ки чаро газ нест? Мо мегӯем, нест. Бисёртар балон меоранд. Мо ҳеч чиз гуфта наметавонем. То ин вақт газ бисёр буд, ҳам арзонӣ буд. Мардум азоб намекашид. Хайр, ҳозир чизе гуфта наметавонем.”
Дар баъзе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гуфтанд, мушкил дар кам ворид шудани газ аз хориҷа аст. Ин сабаб шуда, ки ҳоло гази моеъро танҳо дар нуқтаҳои фурӯши ширкатҳои калону дастраскунандаи он пайдо кардан мумкин аст, вале он ҳам бо маҳдудият.
Шаҳри Душанбе, 5-уми ноябри 2025
Бархе аз он нигаронанд, ки камчин шудани газ ва болоравии нархи он ба арзиши хидматрасониҳои дигар ҳам таъсир хоҳад расонд.
Ронанда Дӯстмурод Раҳимов гуфт, "хеле арзон шуда буд. 4 сомониву 50 дирам буд, ҳатто ба 4 сомониву 30 дирам поин рафта буд дар баъзе ҷойҳо. Бе навбат буд. Чанд рӯз шуд, ки камчин шуд, нархҳо боло рафт.”
Тоҷикистон гази моеъро асосан аз Қазоқистон ва миқдори ками онро аз Русия ва Узбекистон меорад. Дар кишвар 14 ширкати воридкунандаи гази моеъ аст, вале намояндагони чунин ширкатҳо намехоҳанд ошкоро дар бораи сабабу омилҳои афзоиш ва ё поин рафтани арзиши нарх гап зананд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чаро газ дар Душанбе камчин шуд?