Ҳабси 1500 тонна кокаин дар соҳилҳои Петербург

Халтачаҳои кокаин. Акс аз бойгонӣ

Сохторҳои қудратӣ дар шаҳри Санкт-Петебург аз ҳабси беш аз 1,5 тонна кокаин хабар доданд. “Фонтанка” навишт, ходимони ҳифзи қонун дар бораи эҳтимоли қочоқ шудани маводи мухаддири мамнӯъшуда аз ҳамкорони хориҷиашон хабар ёфтанд.

Рӯзи 29 август тафтиш дар соҳилҳои Санкт-Петербург, ки ба халиҷи Финляндии баҳри Балтик мебарад, нишон дод, ки дар як боре, ки банан дошту бо киштии Cool Emerald аз кишвари Эквадор омада буд, 1500 халтачаи кокаин пайдо шуд. Дар бозори сиёҳ нархи он беш аз 20 миллиард рубл, муодили 240 миллион доллар ҳисоб шудааст. Тафтиш оғоз гардид.

“Фонтанка” мегӯяд, дар соҳилҳои Санкт-Петербург ҳар сари чанд вақт маводи мухаддири аз Эквадор омадаро ошкор ва ҳабс мекунанд. Моҳи маи имсол ҳам дар дохили киштие 61 кг кокаин пайдо шуд. Моҳи июл як шаҳрванди Эквадорро ҳангоми талоши фурӯши 23 кг кокаин боздошт карданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Пулиси Бритониё гуфт, набераи Назарбоевро маводи мухаддир "куштааст"Аз "Эл Чапо" мехоҳанд, миллиардҳо долларро баргардонадҲукми зиндони абади як зани украинӣ дар Малайзия барои қочоқи маводи мухаддир