Ҳалокати 14 муҳоҷир дар пайи ғарқ шудани як қаиқ дар соҳилҳои Туркия

Дафтари раиси вилояти Муғла дар Туркия эълон кард, ки дастикам 14 муҳоҷир дар пайи сарнагун шудани як қаиқи бодӣ дар наздикии соҳилҳои сайёҳии Бодрум дар баҳри Эгей ҷон бохтаанд.

Ба гуфтаи мақомҳои маҳаллӣ, нерӯҳои баҳрии Туркия субҳи 24 октябр амалиёти наҷотро оғоз карданд ва то кунун ду нафар аз сарнишинон наҷот ёфтанд. Яке аз бозмондагон гуфтааст, ки 18 нафар савори ин қаиқ буданд ва танҳо даҳ дақиқа пас аз вуруди об ба даруни он, ғарқ шудааст.

Ҳанӯз дар бораи шаҳрвандони кадом кишвар будани ин афрод маълумоте дар даст нест. Нерӯҳои кӯмакрасон дар ҷустуҷӯи ду нафари нопадидшуда ҳастанд.

Қаиқҳои муҳоҷирон маъмулан дар масири кутоҳ, аммо хатарнок миёни соҳилҳои Туркия ва ҷазираҳои Юнон дучори ҳодиса мешаванд.

Тибқи омори Созмони байналмилалии муҳоҷират, аз оғози соли ҷорӣ то кунун ҳудуди 1400 муҳоҷир дар масирҳои баҳрӣ ба Аврупо, ҷони худро аз даст додаанд.