Бар асари зилзилаи шаби 2 ба 3-юми ноябр дар Афғонистон беш аз бист нафар ҷон бохта, садҳо тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Сухангӯйи Вазорати беҳдошти ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон теъдоди қурбониёнро дар вилоятҳои Балху Самангон камаш 20 нафар ҳисоб кард.
Хабарнигори “Франс-Пресс” дар Мазори Шариф, маркази маъмурии вилояти Балх, мегӯяд, зилзилаи баробар бо 6,3 дараҷа сокинони шаҳрро ба даҳшат овард ва бисёриҳо ба кӯча баромаданд.
Масҷиди Кабуди Мазори Шариф, ки дар асри 15 бунёд шудааст, зиён дид. Пораҳои бинои масҷид ва манораҳояш фурӯ рехтаанд.
Дар гузашта мухобироти заиф ва душвории равуо дар минтақаҳои кӯҳии Афғонистон амалиёти наҷоти қурбониҳоро душвор карда буд.
Моҳи августи имсол дар натиҷаи зилзилаи қавӣ дар шарқи Афғонистон беш аз 2200 нафар ҷон бохта, наздик ба 4000 тани дигар захмӣ шуданд.