Ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Русия «фаъолтар» мешавад

Дар изҳороти муштараки раҳбарони Тоҷикистону Русия дар поёни музокироти миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин рӯзи 9 октябр дар Душанбе омодагии ду кишвар барои «фаъолтар ба роҳ мондани» ҳамкориҳо дар соҳаи низомӣ ва низомию техникӣ «ба хотири субот дар минтақа» баён шудааст.

Изҳороти муштарак, ки дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои шарикии ду кишвар имзо шуд, мегӯяд, «ҷонибҳо ният доранд ҳамкориҳоро дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ бо мақсади тақвияти амният ва субот дар минтақа, аз ҷумла бо истифода аз зарфиятҳои пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия фаъолтар намоянд». Дар ин бора сомонаи Кремлин хабар медиҳад.

Путин дар ҳузури намояндагони матбуот аз ин пеш гуфтааст, ки пойгоҳи 201-ум, аз ҷумла кафили амният дар Тоҷикистон ва минтақа мебошад. Тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи ҳарбӣ рушди ҳамкориҳоро дар муқовимат ба терроризму ифротгароӣ, пешгирӣ аз ифротгароии ҷомеа ва «ҷилавгирӣ аз паҳн шудани идеологияи харобкорона» пешбинӣ мекунад.

Дар изҳороти муштарак инчунин омадааст, ки Русияву Тоҷикистон «мудохилаи кишварҳо ва созмонҳои ҳарбию сиёсии хориҷ аз минтақа ба вазъ дар Осиёи Марказӣ роҳ намедиҳанд ва ҳама масоили амниятӣ дар минтақа бояд тавассути Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ҳал шаванд». Дар ин санад нақши пешбарандаи СПАД ба хотири дастгирии суботи минтақаӣ таъкид шудааст.

Ҷузъиёте аз ин беш дода намешавад.

Владимир Путин, президенти Русия, ки беш аз се сол аст артишаш дар Украина меҷангад ва поёни он маълум нест кай фаро мерасад, дар Тоҷикистон бо як сафари давлатӣ қарор дорад. Дар миёни созишномаҳои рӯзи панҷшанбе имзошуда, аз ҷумла ҳамкорӣ бо ширкати “БТК Групп” дар бораи “ташкили кластери саноати сабук” ёд мешавад. Ин ширкат барои низомиёни Русия, ки дар Украина меҷанганд, либос медӯзад ва се соли охир фаъолияти он дар Тоҷикистон ҳам сабт шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикистону Русия дар бораи "муоинаи тиббӣ"-и муҳоҷирон созиш имзо кардандПутин гуфтааст, бо Раҳмон дар “мавзуъҳои ҳассос” гап задаандСафари Путин ба Душанбе чизеро тағйир медиҳад?