"Ҳашти субҳ": Даргирии боталафот дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон

Назорат бар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз моҳи июли соли 2021, чанд рӯз пеш аз он ки гурӯҳи "Толибон" шаҳри Кобулро тасарруф кард

Рӯзномаи "Ҳашти субҳ" аз даргирӣ миёни неруҳои Толибон ва марзбонони Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳрибузурги вилояти Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон, хабар додааст.

Расона менависад, муноқиша 25-уми октябр бар сари тағйири маҷрои рӯди Ому ба иллати заршӯйӣ рух дода, дар он чанд нафар кушта шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ва ҳукумати Толибон дар ин бора чизе нагуфтаанд. Охири моҳи августи имсол низ миёни марзбонони тоҷик ва нерӯҳои "Толибон" дар ҳамин қитъаи марз тирандозӣ сурат гирифта буд.

Даргирии нав дар ҳоле рӯй медиҳад, ки як ҳайати Толибон дар Душанбест.