HRW: "Саркӯбҳо дар Осиёи Марказӣ дар ҳоли афзудан аст" 

Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо Владимир Путин, президенти Русия. Шаҳри Душанбе, 9-уми октябри 2025

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз ширкатдорони нишасти президентҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико даъват кард, ки дар баробари ҳамкориҳои иқтисодию амниятӣ, ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо низ тамаркуз кунанд.

Даъвати ин созмон рӯзи 3-юми ноябр, се рӯз пеш аз баргузории дидори президентҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон бо раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар Вашингтон нашр шуд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мегӯяд, ҷаласа дар чаҳорчӯби С5+1 дар ҳоле барпо мешавад, ки кишварҳои ширкатдор “саркӯби мухолифону матбуот ва қасосгирӣ аз мунтақидонро дар дохилу беруни кишварҳояшон афзоиш додаанд”.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дархости се созмони мухолифи Эмомалӣ Раҳмон аз Доналд Трамп

Ҳю Уилямсон, раҳбари бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мегӯяд, “ҷаласаи Осиёи Марказӣ ва Амрико бояд мавзӯи ҳуқуқи инсонро ба бахши калидии ин нишаст табдил диҳад, чун саркӯбҳо дар саросари ОМ дар ҳоли афзудан аст”.

Ҳю Уилямсон

Уилямсон ёдовар шудааст, ки гузориши Департаменти давлатии Амрико дар бахши ҳуқуқи инсон (2025) аз бадтар шудани вазъи ҳуқуқи одамон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бадрафторӣ бо зиндониҳо, шиканҷа, боздоштҳои худсарона ва ҳабсу фишори кормандони матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори нигаронӣ мекунад.

Дар ин изҳорот дар бораи Тоҷикистон гуфта шудааст, ки садҳо созмони иҷтимоӣ баста шуда, даҳҳо блогеру рӯзноманигор ва фаъолони маданӣ зиндонӣ шудаанд; чанд созмони сиёсӣ, аз ҷумла ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 баставу мамнӯъ ҳастанд; мақомот эътирозҳои осоиштаро дар ВМКБ дар солҳои 2021 ва 2022 бераҳмона саркӯб намуданд.

Ба навиштаи Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), давоми соли 2025 панҷ эътирозгари зиндонӣ дар маҳбас ҷон додаанд.