Ҳукми як амрикоӣ барои талоши ҷосусӣ ба манфиати Русия

F-16

Додгоҳе дар ИМА як корманди собиқи корхонаи саноати ҳарбиро барои кӯшиши ҷосусӣ ба манфиати Русия ҳабс кард. Вазорати адлияи Амрико рӯзи 15 сентябр гуфт, Ҷон Мюррей-Роу бо қарори додгоҳ ба 10,5 соли ҳабс ва 25 ҳазор доллар ҷарима маҳкум мешавад.

Мюрреи 67-сола сокини аёлати Дакотаи Ҷанубӣ буда, давоми чил сол чун муҳандиси санҷишӣ дар чандин корхонаи соҳаи саноати ҳарбии Амрико кор кардааст. Яке аз самтҳои кораш фанновариҳо марбут ба муқовимати радиоэлектронӣ будааст. Ӯ, инчунин, ба маводи махфӣ ва фавқулодда махфӣ ҳам дастрасӣ доштааст.

Тафтиш маълум кардааст, ки моҳи марти соли 2020 Мюррей бо як нафаре дар тамос шудааст, ки ӯро намояндаи ҳукумати Русия гумон кардааст. Ба ӯ гуфтааст, ки ба ҳукумати ИМА садоқат надорад ва мехоҳад ба Русия манфиатовар бошад.

Дар мулоқот бо ин шахс ӯро бо маълумоти махфӣ, аз ҷумла иттило аз соҳаи муқовимати радиоэлектроние, ки силоҳҳои амрикоӣ доранд, таъмин кардааст. Давоми ҳашт моҳ ҳамингуна ин нафарро, ки дар асл ҷосуси Бюрои федеролии тафтишоти ИМА будааст, бо маводи махфӣ таъмин кардааст.

Баъди ин, ӯро як корманди хатарнок барои ширкат номида, аз кор пеш кардаанд. Баъди ҳабс ӯ иқрор шудааст, ки ба як давлати хориҷӣ мехост маълумоти вобаста ба масоили амнияти миллиро бидиҳад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Озарбойҷон ҷашнвораи Русияро бекор ва ду "ҷосуси ФСБ"-ро боздошт кардУкраина гуфт, дар Закарпатйе як шабакаи ҷосусии маҷориро кашф намудҶосусбозӣ. Тарси рӯҳониёни Эрон аз Моссад пас аз қатли раҳбари ҲамосЧехия: ҷосуси рус аз шиносномаи тоҷикӣ истифода кардааст