Рӯзи 31-уми октябр маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон доир шуд ва ба гуфтаи дафтари матбуоти президент, дар он тарҳи будҷаи кишвар барои соли 2026 баррасӣ шуд.
Тибқи тарҳи ҳукумат, ҳаҷми даромади будҷаи соли оянда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот 65 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки назар ба будҷаи соли ҷорӣ 15,5 миллиард сомонӣ ё 31,2 дарсад зиёд аст ва ба 33,3 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2026 баробар мебошад.
Дар будҷаи нав барои соҳаҳои иҷтимоӣ 29,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти будҷа ё 15,1 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Маорифу тандурустӣ аз ҷумлаи соҳаҳои иҷтимоӣ ба шумор мераванд ва мақомот ҷудо кардани хароҷоти зиёд ба ин соҳаҳоро "нишона аз таваҷҷуҳи баланди ҳукумат ба рушди сармояи инсонӣ" гуфтаанд.
Пешбинии 29,5 миллиард сомонӣ будҷа ба бахшҳои иҷтимоӣ дар ҳоле аст, ки аз моҳи сенябри соли ҷорӣ маоши кормандони боғчаҳои бачагона, омӯзгорон, кормандони соҳаи илм, тандурустӣ ва ниҳодҳои қудратӣ ва низ нафақаҳо аз 10 то 30 дарсад боло рафт.
Дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон маошу нафақаи аз ҳама камро мегиранд. Кам будани маоши кормандони будҷавӣ яке аз сабабҳои ба миён омадани фасод гуфта мешавад.
Баррасии тарҳи будҷаи соли 2026 аз сӯи ҳукумат дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 миллиард доллар ё 21,4 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад, ки 3,1 миллиарди он (18,7% ММД) қарзи хориҷӣ аст.