Вебсайти "NetBlocks", ки ҷараёни интернетро дар саросари ҷаҳон пайгирӣ мекунад, гузориш додааст, ки дар ҳоли ҳозир Афғонистон дар вазъияти қатъи комили интернет қарор дорад ва хадамоти телефонӣ низ ба мушкил рӯбарӯ шудааст.
Ин ниҳод ҳамчунин гузориш додааст, ки фаъолияти чандин шабакаи интернетӣ аз субҳи 29 сентябр марҳила ба марҳила, қатъ шудааст. Телевизионҳои дохилии Афғонистон гуфтаанд, ки қатъи интернет ба кори онҳо таъсир расондааст.
Дар пайи қатъи ногаҳоии интернет дар Афғонистон, парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ халалдор шуда, садҳо мусофир саргардон шудаанд. Бино ба иттилои мавҷуд, тамоми парвозҳои ширкати "Ориёно" аз Афғонистон ва ба мақсади Афғонистон, боздошта шудаанд.
Ҳамзамон бо қатъи интернет дар Афғонистон, парвозҳои ширкатҳои байналмилалӣ ба мушкил рӯбарӯ шудаанд. Вебсайти "Flightradar 24" гузориш додааст, ки рӯзи 30 сентябр панҷ парвоз ба Кобул лағв шудааст, ки се парвоз аз Дубай ва ду парвози дигар аз Истанбул ва Маскав буданд.
Ҳамчунин ду парвоз аз Кобул ба Дубай ва як парвоз ба Истанбул лағв шудааст. Бештар парвозҳои марбут ба ширкатҳои Turkish Airlines" ва "Fly Dubai" будааст.
Айни ҳол, парвозҳо ба шаҳрҳои Деҳлӣ, Истанбул, Ҷидда ва Риёз ҳамчунин тибқи барнома тавассути ширкати дохилии "Kam Air" анҷом мешавад. Парвозҳои дохилӣ ба шаҳрҳои калони Афғонистон бе ягон мушкилӣ идома доштааст
Ҳамчунин дурбинҳои амниятӣ аз кор кор монда, кори бонкҳо дар ин кишвар ба мушкил рӯбарӯ шудааст.
Шуморе аз афғонҳо, ки берун аз кишварашон зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, ки аз шоми душанбе ба ин тараф наметавонанд бо хонаводаҳояшон аз тариқи телефон ва интернет тамос дошта бошанд.
Мақомоти Толибон қаблан қатъи интернетро ба пешгирӣ аз ончи онҳо онро "беахлоқӣ" меноманд, рабт дода буданд.
Иқдоми ҳукумати Толибон дар бораи қатъи интернет, мавҷе аз нигарониҳоро дар миёни шаҳрвандон, коршиносон ва ниҳодҳои расонаӣ барангехтааст.