Иттиҳоди Аврупо аз шароити кори хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронии амиқ карда, аз Душанбе хостааст барои сабти номи дубораи созмонҳои ҷамъияте, ки иҷборан аз кор монданд, имкон фароҳам орад.
Ин ва масъалаҳои дигари вобаста ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи занон, хушунат ва манъи табъиз дар Тоҷикистон, аз мавзӯъҳои калидие буданд, ки рӯзи 17-уми октябр дар Брюссел дар муколамаи 15-уми Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон матраҳ шуданд.
Дар баёнияи расмии дафтари Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 21 уми октябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки ин созмон бо пешниҳоди феҳрасти мушаххаси ҳомиёну вакилони дифоъ ва хабарнигорони зиндонӣ, талаби фаврии раҳоии онҳоро кардааст. Айни замон наздик ба даҳ нафар аз блогерону хабарнигорони тоҷик дар зиндон ба сар мебаранд.
Аз соли 2022 ба ин тараф хабарнигорону блогерон Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Хуршед Фозилов аз 7 то ба 7.5 сол, Хушом Ғулом – 8 сол, Далери Эмомалӣ – 10 сол, Улфатхоним Мамадшоева – 20 сол ва Аҳмади Иброҳим 10,5 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.
Иттиҳоди Аврупо ҳамзамон аз набуди пешрафт дар масъалаи ҳуқуқи инсон дар Бадахшон нигаронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват намудааст, ки бо ақалиятҳои помирӣ муколамаи боз ташкил кунад. Дар пайи ҳодисаҳои моҳи майи соли 2022 дар Бадахшон, ки боиси кушта шудани эътирозгарон шуд, даҳҳо нафар зодагони ин минтақа боздошт ва ба ҳабсҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд.
Дар ин нишаст аз пешрафт дар таҳияи қонунҳо дар бораи ҳуқуқи инсон ҳам ёдрас шуда, таъкид кардаанд, ки муҳим аст, то давлати Тоҷикистон қонунҳоро босамар иҷро кунад.
Назари мақомоти тоҷик дар ин бора маълум нест.
Иттиҳоди Аврупо таъкид кардааст, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, равобити иқтисодӣ ва татбиқи бомуваффақияти GSP+ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии шаҳрвандон дар Тоҷикистон сахт вобастааст.
Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ борҳо аз раҳбарони иттиҳод хостаанд, дар ивази кӯмаку дастгирии тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон аз ҳукумат риояти ҳуқуқи инсон ва таҳкими демократияро талаб кунанд.
Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони иқтисодии Тоҷикистон аст ва айни замон аз кӯмакрасонҳои аслии кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҷонибҳо дар масоили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, идоракунии марз ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин идоракунии об низ, ҳамкориҳо доранд.
Мухолифин ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон солҳои охир Иттиҳоди Аврупоро ба "чашмпӯшӣ" ба поймолшавии ҳуқуқи одамону озодиҳои бунёдӣ дар Тоҷикистону кишварҳои дигари минтақа танқид мекунанд.
Иттиҳоди Аврупо дар моҳи июли соли 2024 ҳам аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз Душанбе хоста буд, ки нақзи ҳуқуқи инсонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқ кунад.