Комиссиюни Аврупо бастаи 19-уми таҳримҳои зидди Русияро пешниҳод кард. Дар ин бора дар нишасти матбуотии рӯзи 19 сентябр намояндаи расмии ин ниҳод Паула Пинйо хабар дод.
Раҳбари комиссиюн Урсула фон дер Ляен гуфт, ки пешниҳод шудааст аз 1 январи соли 2027 аз хариди гази табиии моеи Русия даст кашида ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои "Роснефть" ва "Газпромнефть" пурра манъ карда шавад.
Ӯ гуфт, ки ба феҳристи таҳримшудаҳо 118 киштии соягии Русия ворид карда шуда, шумори умумии онҳо акнун 560 ададро ташкил медиҳанд. Инчунин 45 ширкати русӣ ва хориҷӣ, пойгоҳҳои криптоасъор, бонкҳои русӣ ва бонкҳои кишварҳои сеюм ҳам таҳрим шуданд. Исми дақиқи ин муассисаҳо феълан нашр нашудаанд. Ба иловаи ин, пешниҳод шудааст, ки муомилаҳо бо криптоасъор ва ҳам ширкатҳое, ки дар минтақаҳои хоси иқтисодӣ сабт шудаанд, пурра манъ шаванд. Чораҳои маҳдудкунанда дар нисбати системаи пулии русии “Мир” ҳам ҷорӣ карда мешавад.
Фон дер Ляйен рӯзи 16 сентябр гуфта буд: «Иқтисоди ҷангии Русия аз ҳисоби даромади маводи сӯхт дастгирӣ шуда хунрезиҳои Украинаро маблағгузорӣ мекунад. Барои хотима гузоштан ба он Комиссиюн пешниҳод корад, ки марҳила ба марҳила аз воридоти маводи сӯхти Русия даст кашида шавад”.
Иттиҳоди Аврупо то имрӯз воридоти нафти хомро аз Русия бо роҳҳои баҳрӣ манъ карда, барои хариди он марзи 47,6 доллар барои ҳар бушка таъин кардааст, дар ҳоле, ки то тобистони имсол нархи як бушка нафт 60 долларро ташкил медод. Қаблан гуфта мешуд, ки Иттиҳоди Аврупо аз 1 январи соли 2028 аз воридоти нафти русӣ даст мекашад.
18 сентябр мақомот дар Эстония гуфтанд, ки аз 1 январи соли 2026 харид ва воридоти гази моеи табии Русияро манъ мекунанд. Вазири корҳои хориҷии Эстония Маргус Тсахкна гуфт, ки Русия аз ниятҳояш даст накашидааст ва бо идомаи ҷанги васеъмиқёс амнияти ҷаҳониро таҳти хатар қарор медиҳад. Ӯ гуфт, «мо боло бурдани нархи ин таҷовуз барои Русия ва роҳҳои кам кардани даромади онро идома медиҳем, чун мошини ҷангиро маблағгузорӣ мекунанд».