Ласло Краснаҳоркаӣ барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт гардид

Ласло Краснахоркаи

Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиётро имрӯз ба нависандае аз Маҷористон ё Венгрия Ласло Краснаҳоркаӣ тақдим карданд.

Дар шарҳи Кумитаи Нобел навишта шудааст, ки нависанда “ба хотири эҷодиёти боэътимод ва ояндабинаш, ки дар шароити ваҳшати охиризамонӣ бори дигар қудрати ҳунарро нишон медиҳад”, қадрдонӣ мешавад.

Ласло Краснаҳоркаӣ соли 1954 дар шаҳраки Дюлаи Маҷористон, дар сарҳад бо Руминия таваллуд шудааст. Романи нахустини ӯ «Рақси шайтонӣ» дар соли 1985 ҳодисаи бузурге дар адабиёти кишвараш дониста шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ба ҳуқуқшиноси дар Тоҷикистон зиндонӣ дар Женева "Ҷоизаи Нобели ҳуқуқи инсон" доданд Се муҳаққиқи амрикоӣ барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод шудандНоми барандаҳои ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё эълон шуд