Мақомоти Тоҷикистон канда шудани пораи азиме аз як пиряхи бузург дар қаторкӯҳҳои Исмоили Сомониро шарҳ доданд. Ҳодиса 25-уми октябр дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод рух дод.
Намояндагони Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон 31-уми октябр дар нишасти хабарӣ бо ҳузури намояндагони расонаҳои ҳукуматӣ гуфтаанд, сабаби асосии канда шудани пирях "баландшавии ҳарорати ҳаво ва набудани боришот дар давраи тӯлонӣ мебошад".
Мутахассисон гуфтаанд, ин ду омил "ба обшавии шадиди пирях ва тағйири тавозуни обӣ оварда расонидааст".
Дар Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон гуфтаанд, дарозии пиряхи ҷудошуда 1,5 километр буда, баландиаш 50 метр буд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ аз ҳаракати ин пирях нашр шуд.
Ба иттилои мақомоти тоҷик ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар дар пай надоштааст. Аммо ба гуфтаи мутахассисон, бар асари бориши боронҳои сахт ва такроран кандани пирях аз баданаи пиряхи бузург, он метавонад ба бархе деҳаҳои ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад.
Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пирях вуҷуд дорад. Тоҷикистони кӯҳистонӣ бо пиряхҳои хурду бузургаш манбаи аслии об дар Осиёи Марказӣ аст, вале дар 30 соли ахир ба сабаби гармоиши курраи Замин бештар аз 1000 пирях комилан аз байн рафтаанд.