Марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026 дар Душанбе мегузарад

Акс аз бойгонӣ.

Аз 20-ум то 24-уми сентябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар риштаи футзал дар гурӯҳи «С» баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобӣ дар гурӯҳи “С” бо тимҳои миллии Макао (20-уми сентябр), Камбоҷа (22-юми сентябр) ва Ҷопон (24-уми сентябр) рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо бо иштироки дастаи Тоҷикистон соати 20:00 оғоз меёбанд.

Сармураббии тими мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов ба ҷамъомади охирини пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 ба ҳайати даста 14 бозигар – 3 дарвозабон ва 11 бозигари майдониро даъват кардааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Нуриддин Ҷабборов, Фирӯз Бозмамадов;

Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Самандар Ризомов, Некрӯз Идиев, Насратшо Исмоилов, Муҳаммад Раҷабов, Муҳаммадҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Хусрав Холиқназаров, Умед Қузиев, Баҳодур Хоҷаев;

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Бояд гуфт, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврали соли 2026-ум дар Индонезия доир мегардад, ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳ меёбанд.

Марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

20-уми сентябр (шанбе)

17:00 – Ҷопон - Камбоҷа

20:00 – Тоҷикистон - Макао

Даври 2-юм

22-уми сентябр (душанбе)

17:00 – Макао - Ҷопон

20:00 – Камбоҷа - Тоҷикистон

Даври 3-юм

24-уми сентябр (чоршанбе)

17:00 – Макао - Камбоҷа

20:00 – Ҷопон - Тоҷикистон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.