Мухолифон аз САҲА хостанд, ки ба Тоҷикистон фишори сахттар орад

Курсии намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамоиши солонаи САҲА холӣ аст.

Намояндагони бархе созмону гурӯҳҳои мухолиф дар ҳамоиши САҲА дар Варшава аз ин созмон хостанд, ки дар нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон аз нармӣ кор нагирад ва онро барои нақзи ҳуқуқи инсон аз сафи созмон хориҷ намояд.

Ҳамоиши солонаи САҲА дар мавзуи ҳуқуқи башар рӯзи 6-уми октябр дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон (Полша) оғоз шуд ва дар он фаъолону мухолифони тоҷик низ ширкат доштанд. Дар гузашта ин ҳамоиш арсае барои муколамаи мухолифони сиёсӣ ва намояндагони расмии Тоҷикистон буд. Вале чанд сол аст, Тоҷикистон ба ин нишаст ҳайате намефиристад.

Дилшод Шарифов, роҳбари созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” рӯзи 10-уми октябр дар суханронии худ дар як ҷалассаи САҲА аз ин созмон хостааст, ки ҳукумати Тоҷикистонро барои риоя накардани ӯҳдадориҳояш аз узвият хориҷ кунанд.

Ӯ ҳамзамон САҲА-ро танқид кард, ки ба як созмони бюрократӣ табдил ёфта, дар нисбат ба кишварҳои диктаторӣ чораҳои сахт намеандешад.

“Шумо мегӯед, ки дар оиннома тартиби хориҷ кардани кишвар аз созмон пешбинӣ нашудааст. Кӣ ба шумо монеъ мешавад, ки оинномаро тағйир диҳед? САҲА аз созмони байналмилалии таъсиргузор ба як ниҳоди бюрократӣ табдил ёфтааст, ки наметавонад ба чизе таъсир расонад,"--гуфтааст ӯ.

САҲА як созмонест, ки гузоришҳояш бештар тавсиявӣ буда, чораҳои амалии таъсиррасонӣ дар ихтиёр надорад. Ин созмон ба шикояти мухолифону фаъолон аз нақзи ҳуқуқи инсон гӯш медиҳад ва дар охир бо тавсияномаҳое ҳукуматҳои кишварҳои узвашро водор менамояд, ба риояи ҳуқуқва озодиҳои инсон беҳбуд оранд.

Илҳомҷон Яъқубов, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи Наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 9- уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар суҳбаташ аз минбари ин созмон дар бораи фишору таъқиби рӯзноманигорон ва аъзои хонаводаи мухолифон суҳбат карда, аз ин САҲА хостааст, шикояти мухолифин ба Додгоҳи байналимллалии ҷиноӣ зидди Эмомалӣ Раҳмонро пуштибонӣ кунанд.

“Вақте парвандаҳои Александр Лукашенко ва Владимир Путин ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (МУС) ирсол шуданд, як қатор давлатҳои аврупоӣ расман ин даъворо дастгирӣ карданд, ки ин иқдоми дуруст буд. Мо низ, бо дастгирии чандин созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар алайҳи ҳукумати кишвари худ ба ин додгоҳо шикоят кардем, аммо то ҳол ягон кишвари аврупоӣ ин шикоятро дастгирӣ накардааст,”—гуфт ӯ.

Чанд созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 11-уми апрели соли равон эълон карданд, ки аз Эмомалӣ Раҳмон барои нақзи густардаи ҳуқуқи инсон ба додгоҳи байналмилалӣ шикоят кардаанд.