Мухолифони тоҷик барои ширкат дар ҳамоиши САҲА ба Лаҳистон рафтаанд

Мухолифони тоҷик барои ширкат дар ҳамоиши САҲА ба Варшава рафтаанд.

Гурӯҳу созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, барои ширкат дар ҳамоши солонаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ба Лаҳистон (Полша) сафар кардаанд.

Дар ин ҳамоиш, ки рӯзи 6-уми октябр дар Варшава оғоз шуд, масоили ҳуқуқи башар ва демократия дар кишварҳои узви ин созмон баррасӣ мешаванд. Тоҷикистон узви ин созмон аст, вале имсол чун соли пеш ҳеч намояндаи ҳукумат дар ҳамоиш дида намешавад.

Намояндагони созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳизби Наҳзати Исломӣ, "Гурӯҳи 24" ва созмони "Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон" мегӯянд, дар ҳамоиши САҲА нақзи густардаи ҳуқуқи инсон, саркубу зиндонӣ сохтани фаъолон ва азияти онҳо дар зиндонҳои кишварро матраҳ хоҳанд кард. Чун қоидаи маъмул, намояндагони ҳукуматҳо бояд ба танқидҳои фаъолону мухолифон посух гӯянд, вале соли дуюм аст, ки Тоҷикистон ба ин ҳамоиш намоянда намефиристад.

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, ки қароргоҳаш дар Лаҳистон аст, рӯзи 7-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “намояндагони мақомот ва коршиносони ҳукуматӣ то ҳол наомадаанд ва маълум нест, ки ширкат хоҳанд кард ё на.”

Мақомоти тоҷик ҳанӯз дар ин бора шарҳе надодаанд.

Созмони "Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ" дар нахустин рӯзи оғози нишаст чанд маҷаллаеро дар бораи таъқибу боздошт ва ба маҳбас кашида шудани фаъолони маданӣ муаррифӣ кардааст. Дар ин маҷаллаҳо дар бораи фаъолони Бадахшон, мисли Улфатхоним Мамадшоева, Чоршанбе Чоршанбиев ва сиёсатмадорон, Шокирҷон Ҳакимову Саидҷаъфар Усмонзода маълумот ҷой дода шудааст, ки феълан бо ҳукмҳои тӯлонӣ дар зиндон қарор доранд.

Ин ҳолатҳо чун намунаҳои "поймолкунии дағалонаи ҳуқуқ" ва "муҳокимаҳои ноодилона" дар Тоҷикистон тасвир шудаанд.

Ҷаласаи Варшава як ҳамоиши солонаест, ки барои арзёбии мавқеъ ва назари гурӯҳҳои мухталифи сиёсию ҷамъиятӣ аз саросари ҷаҳон барпо мешавад. Дар баробари ҳайатҳои расмии ҳукуматҳо, дар кори он мухолифон, хабарнигорон, блогерҳо ва фаъолони ҷудогона ҳақ доранд иштирок ва изҳори назар кунанд.