Муовини Доналд Трамп ба Исроил рафт

Ҷей Ди Венс, муовини раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 21-уми октябр вориди Исроил шуд.

Қарор аст Венс бо намояндаи аршади Амрико дар умури Ховари Миёна ва коршиносони низомие вохӯрад, ки ба оташбас дар Навори Ғазза назорат доранд.

Тибқи гузоришҳои расонаҳои исроилӣ, муовини раиси ҷумҳури Амрико 22-юми октябр дар шаҳри Байтулмуқаддас бо роҳбарони Исроил, аз ҷумла нахуствазир Бенямин Нетаняҳу мулоқот мекунад.

Сафари муовини раиси ҷумҳури Амрико ба Исроил дар ҳоле анҷом мешавад, ки нигарониҳо аз шикасти оташбас дар Ғазза зиёд шудааст.

Тавофуқи оташбас дар Ғазза 13-уми октябр дар Миср имзо шуд ва ба ҷанги дусола дар ин минтақа поён дод. Созиши сулҳ миёни Исроил ва “Ҳамос” бо талошҳои чор кишвар ва тарҳи пешниҳодии Доналд Трамп ба даст омад.

Исроил рӯзи якшанбеи 19-уми октябр дар посух ба кушта шудани ду сарбозаш ба чандин макон дар Навори Ғазза ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод. Мақомоти Исроил баъди ин ҳамла гуфтанд, ба тавофуқи оташбас пойбанд мемонанд.