1600 нафарро барои қарздорӣ нагузоштанд аз Тоҷикистон берун раванд

Хадамоти иҷрои Тоҷикистон мегӯяд, дар нуҳ моҳи имсол ба феҳрасти ягонаи қарздорон номи 2350 нафари дигарро ворид кардааст. Онҳое, ки исмашон дар ин рӯйхат аст, то замони баргардонидани қарзҳои худ ба бонк, муаассиса ва ё афроди алоҳида аз кишвар берун рафта наметавонанд.

Дар гузорише аз натиҷагирии фаъолияти нуҳмоҳаи ин ниҳод, ки рӯзи 16-уми октябр нашр шуд, гуфта шудааст, ки дар ин давра ба 5075 нафар қарздорон барои берун рафтан аз кишвар маҳдудият гузошта шудааст.

Дар маҷмӯъ дар 9 моҳ 1600 нафаре, ки мехостанд, аз кишвар берун шаванд, бо сабаби қарздорӣ аз марз баргардонида шудаанд.

Хадамоти иҷро аз натиҷаи ин амал тавсиф карда, гуфтааст қарздорон баъди ин беш аз 24 миллион сомонӣ ва 108 ҳазор доллар қарзи худро баргардонидаанд.

Ба иттилои Хадамоти иҷро дар умум дар чанд соли ахир ба ин далел сафари беш аз 21 ҳазор қарздор ба берун маҳдуд шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Парванда бар зидди 156 кас барои надодани "алимент"Мошини мудири "Амонатбонк" дар ноҳияи Восеъ худаш сӯхт ё касе сӯзонд? ВИДЕОРусия мехоҳад аз ҳисоби муҳоҷирон, муфлисон, қарздорон ва бекорон артишашро такмил кунад