"Моҳи дар шаст", филми муштараки Тоҷикистону Эрон бори аввал дар шаҳри Теҳрон намоиш дода шуд. Маросими рӯнамоӣ 21-уми сентябр бо ҳузури Сафири Тоҷикистон дар Эрон ва раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ баргузор шудааст.
Филми "Моҳи дар шаст" нахустин лоиҳаи муштараки "Довфилм", "Тоҷикфилм" ва ширкатҳои эронии IFilm ва 30CUP мебошад.
"Филм қиссаи писарбачаи 10-сола бо номи Далерро нақл мекунад, ки дар мактаб-интернат ба воя расидааст. Ӯ ҳамроҳи Самад, ки ба қиморбозӣ майл дорад, дар вақти таътил ба ҷустуҷӯи модари худ мекунад. Ин сафар аз шимол то ҷануби Тоҷикистон тӯл кашида, қаҳрамононро бо рӯйдодҳои ғайриинтизор рӯ ба рӯ месозад. Дар ниҳоят, Далер бояд қароре қабул кунад, ки тамоми зиндагии ӯро дигаргун месозад", - гуфтанд таҳиягарон.
Филми "Моҳӣ дар шаст" дар коргардонии Муҳиддини Музаффар таҳия шуда, филмномаро Бахтиёр Каримов навиштааст.
Нақшҳои асосиро ҳунарманди тоҷик Хуршед Мустафоев ва Абдулло Абдураҳимзода, писарбачаи 8-сола аз мактаб-интернати шаҳри Душанбе бозидааст. Ӯро аз миёни 1800 довталаб интихоб кардаанд.