Бо як қарори ҳукумати Арманистон, аз 1 ноябри соли ҷорӣ аз муҳри марзбонони ин кишвар дар бораи убури сарҳади давлатии Арманистон нақши кӯҳи Арарат пок карда мешавад.
Ба ҷои он дар рӯи муҳр навиштаҷоти “Арманистон” ба забонҳои англисӣ ва арманӣ, номи гузаргоҳи марзӣ, санаи убури марз ва ҳам рамзи истгоҳи марзии ҳавоӣ, роҳи оҳан ё гузаргоҳи заминӣ ифода мешавад.
Кӯҳи Арарат рамзи миллии Арманистон буда, он дар рӯи герб ё нишони миллии ин кишвар кашида шудааст, вале аз ҷиҳати ҷуғрофиёӣ ин кӯҳ дар қаламрави Туркия ҷойгир мебошад.
Ин тағйирот иқдоме дар самти оддисозии муносиботи миёни Ереван ва Анкара дониста мешавад, ки дар паи саркӯби арманитаборҳо дар Туркияи Усмонӣ дар соли 1915 ва даъвои Арманистон барои эътирофи наслкушӣ ва ҳам низои Арманистону Озарбойҷон барои Қаробоғи кӯҳӣ бад шудааст.
Сарҳади миёни Арманистону Туркия аз соли 1993 баста буда, вале соли 2022 миёни ду кишвар парвози ҳавопаймоҳо аз сар гирифта шуд ва фиристодаҳои вижа дар заминаи тавсеаи ҳамкорӣ музокиротро барпо кардаанд.