Мақомоти низомии Украина гуфтанд, ки нерӯҳои ин кишвар то ҳол ба ҳамлаҳои шадиди сарбозони Русия дар Покровск дар шарқи Украина муқовимат мекунанд.
Фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина Александр Сирский рӯзи 1-уми ноябр дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, амалиёти фарогир барои берун кардани нерӯҳои душман аз Покровск идома дорад.
Ин изҳорот як рӯз баъди он садо дод, ки раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский муборизаро барои шаҳри Покровск муҳим хонд.
Вай рӯзи 31-уми октябр гуфт, русҳо мехоҳанд он кореро, ки ба Покровск, Копянск ва шаҳру вилоятҳои дигар раво диданд, ба тамоми Украина бикунанд.
Бино ба ҳисобҳо, дар ҳоли ҳозир аз 200 то 400 сарбози рус дар канораҳои шарқии шаҳри Покровски вилояти Донетск ҷойгир шудаанд. Онҳо бо истифода аз муҳити шаҳр, зерзаминҳо ва либоси шаҳрвандӣ талош доранд, ки аз дасти нерӯҳои украинӣ дар амон монанд.
Покровск ба мисли шаҳрҳои дигари бузурги Украина аҳамияти зиёди низомӣ дорад. Таҳлилгарон ҳушдор додаанд, ки вожгунии ин шаҳр метавонад роҳро барои нерӯҳои Русия ба ғарби Украина боз кунад ва ҷануби Украинаро зери хатар бигузорад.