Дар шаҳри Маскав намоишгоҳи осори таблиғотии рассомони Кореяи Шимолӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар он ҷанг дар Украина ва тасвирҳои ваҳшатноки сарбозони захмии украинӣ дида мешуд.
Маросими кушодашавии намоишгоҳ дар "Осорхонаи Ғалаба"-и Маскав
Ин намоишгоҳ бо номи "Шона ба шона" рӯзи 13-уми октябр ба ифтихори ҳамкориҳои беш аз 70 солаи Русия ва Кореяи Шимолӣ бахшида шуда буд. Дар ин намоишгоҳ асарҳое нишон дода шудааст, ки ҷанги Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ дар соли 1950-умро тасвир мекард. Он замон, Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ҳоло Русия меросбари он аст, аз Кореяи Шимолӣ пуштибонӣ мекард.
Гурӯҳе аз духтарон ба тамошои ин намоишгоҳ омадаанд.
Дар ин намоишгоҳ аксҳое бо рангҳои сиёҳу сафед намоиш дода шуданд, ки ҷанги сарбозони Кореяи Шимолӣ бо артиши Украина дар вилояти Курски Русияро нишон медод.
Б. Ҷ Муҳн, коршиноси санъати тасвирии Кореяи Шимолӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷтауни ИМА ба Радиои Озодӣ гуфт, ки намоҳои сиёҳу сафеди қаламӣ дар ин кишвари диктотурӣ маъмуланд. Ба гуфтаи ӯ, ин гуна тасвирҳо бештар дар таблиғоти низоми Кореяи Шимолӣ истифода мешаванд.
Дар ин тасвир сарбози тирхӯрда ва ҳалокшудаи Украина нишон дода шудааст.
Муҳн мегӯяд, тасвирҳои пур аз хушунат як ҷузъи таблиғоти арзон дар Кореяи Шимолӣ аст, ки сарбозонро барои "ҷоннисорӣ барои ватан ва пуштибонӣ аз шарикии қавии Кореяи Шимолӣ--Русия" ташвиқ мекунанд.
Тамошобинон намоҳои таблиғотиро мебинанд.
Ин намоишгоҳ дар ҳоле баргузор мешавад, ки артиши Кореяи Шимолӣ дар баробари сарбозони рус зидди Украина меҷанганд.
Дар ин тасвир нишонзани Кореяи Шимолӣ сарбози артиши Украинаро задааст.
Дар ин тасвирҳо дида мешавад, ки сарбозони Кореяи Шимолӣ сарбозони украиниро бераҳмона ба қатл мерасонанд.
Дар ин тасвир сарбози захмии Кореяи Шимолӣ норинҷакро ба кор дароварданист ва сарбози украинӣ ваҳшатзада тасвир шудааст.
Бархе тасвирҳои намоишгоҳи Кореяи Шимолӣ ба тасвирҳои таблиғотии Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ монандӣ доштанд.
Номаи хунолуди як сарбоз
Дар ин намоишгоҳ порчаҳои либосу мактубҳои хунолуд ва тирҳо намоиш дода шуданд. Бо вуҷуди тасвирҳои ваҳшатнок, дар ин намоишгоҳ маҳдудияти синнусолӣ вуҷуд надошт.
Пайкараи сарбози рус ва сарбози Кореяи Шимолӣ