Дар Тоҷикистон нархи маҳсулоти истеъмолӣ 2,2 дарсад афзудааст. Оҷонси омори Тоҷикистон бо нашри ин маълумот гуфт, нархи гӯшту сабзавот ва равған боло рафта, айни замон баъзе аз навъҳои мева ва маҳсулоти ширӣ арзон шудаанд.
Бино ба маълумоти Оҷонси омор, дар байни сабзавот аз ҳама бештар нархи карам ва сабзӣ боло рафтааст. Нархи равғани офтобпараст низ ба андозаи 8,5 дарсад зиёд шуда, гӯшти гӯсфанд дар ин давра 14 ва гӯшти гов 12 дарсад қиммат шудаанд. Нархи орд ба андозаи 10, биринҷ – 3 ва панир -6 дарсад арзон шудааст. Тибқи маълумоти Оҷонсӣ, ин нишондиҳандаҳо ба ҳисоби миёна гирифта шуда, ба маълумот дар бозорҳои пойтахт асос ёфтааст.
Тағйирёбии нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия дар ҳолест, ки сокинон пайваста аз маоши каму нархҳои баланд дар бозорҳои кишвар нигаронӣ мекунанд.
Бархе иқтисодшиносон мегӯянд, афзоиши маош дар Тоҷикистон бо сабаби таваррум ё инфлиятсия зиёд эҳсос намешавад, чун арзиши молу маҳсулот ва хӯрокворӣ дар Тоҷикистон пайваста дар ҳоли боло рафтан мебошад.
Аз ҷониби дигар, уфти бошиддати доллар дар қиёс ба сомонӣ ҳам аз омилҳои таъсиргузор арзёбӣ мешавад.